Пайвандҳои дастрасӣ

Дар муассисаҳои давлативу ғайридавлатии Тоҷикистон насби наворгир ё дурбинҳои назоратӣ идома дорад.

Ин иқдом дар сояи амалҳои террористии солҳои ахир ва бар асоси амри раисҷумҳури Тоҷикистон анҷом мешавад.

Дар пойтахти кишвар низ қарори шаҳрдори Душанбе нашр шудааст, ки ҳамаи муассисоту идораҳо ва корхонаву марказҳои фароғативу истироҳатии давлативу хусусӣ муваззафанд, то 15-уми апрел насби наворгирҳои назоратиро анҷом диҳанд.

Барои муассисаву корхонаҳо, харҷи насби наворгирҳои назоратӣ аз буҷаи мақомоти маҳаллӣ ихтисос мешавад. Аммо корхонаҳои хусусӣ ин иқдомро бо сармояи худ анҷом хоҳанд дод.

Оё ин иқдом аз ҳоло натиҷа ба бор овардааст ва мардум ба насби сартосарии наворгирҳои назорати махфӣ чӣ назар доранд?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG