Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саркӯбии эътирозҳо дар Баҳрайн


Нирӯҳои пулис ва артиш бо истифода аз гази ашковар ва зиреҳпӯшҳо имрӯз садҳо эътирозгарро ба тарки майдони Лӯълӯ, дар маркази Манома, пойтахти Баҳрайн, маҷбур карданд. Бино ба хабарҳо, дастикам 2 тазоҳургар ва 2 пулис кушта шудаанд.
Баҳрайн чанд ҳафта боз шоҳиди тазоҳуроти эътирозгарони аксаран шиъа буд, ки аз ҳокимони суннии ин ҷазиракишвари халиҷи Форс ислоҳоти сиёсӣ талаб мекарданд.
Малики Баҳрайн рӯзи сешанбе дар кишвар барои се моҳ вазъи изтирорӣ ҷорӣ кард. Кишварҳои халиҷи Форс, бо шумули Арабистони Саудӣ, низ ба Баҳрайн нирӯ ворид кардаанд.
XS
SM
MD
LG