Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Лоҳур Раймонд Девисро раҳо кард


Ҳавлии додгоҳи Лоҳур

Ҳавлии додгоҳи Лоҳур

Додгоҳи Покистон ходими Ожонси иктишофии Амрико Раймонд Девисро, ки ба қатли ду покистонӣ айбдор мешуд, имрӯз раҳо кард. Вазири адлияи вилояти Панҷоб Раъно Саноуллоҳ гуфт, Девис тибқи қавонини шариат дар ивази пардохти хунбаҳо ба хонаводаҳои кушташудагон озод шуд.
Имрӯз қаблан додгоҳи шаҳри Лоҳур Девиси 36-соларо расман ба ду мавриди қатл дар таърихи 28 январ айбдор кард.
Ӯ мегуфт, ки он ду нафари мусаллаҳро ба хотири дифоъ аз ҷони худ паррондааст. Мақомоти Амрико низ мегуфтанд, ки Девис масунияти дипломатӣ дорад ва бояд озод карда шавад. Ин қазия мояи сард шудани равобити Амрико бо Покистон, як муттаҳиди калидиаш дар ҷанг алайҳи террор, шудааст.
XS
SM
MD
LG