Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Регар” ва “Равшан” - дар финали Ҷоми Рустам Долтабоев


Дастаҳои футболи лигаи олӣ - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Равшан”-и Кӯлоб ба бозии ниҳоии Ҷоми Рустам Долтабоев роҳ ёфтанд.

“Регар-ТадАЗ” дар даври ниманиҳоӣ 16-уми март дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода бар тими “Шодмон”-и Ҳисор бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.

Бо ҳамин ҳисоб дастаи “Равшан” дар ҳамин варзишгоҳ бар тими ”Энергетик”-и Душанбе ғолиб омад.

Ҳамин тариқ дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи 18-уми март дар варзишгоҳи “Металлург”-и Турсунзода соати 12 шурӯъ мешавад, “Регар-ТадАЗ” ва “Равшан” барои Ҷоми Рустам Долтабоев талош хоҳанд кард.

Пеш аз бозии ниҳоӣ дар ҳамин варзишгоҳ соати 10 дастаҳои “Шодмон” ва “Энергетик” бо ҳам бар ҷои саввум мубориза хоҳанд бурд.
XS
SM
MD
LG