Пайвандҳои дастрасӣ

Нирӯҳои пулис ва артиш бо истифода аз гази ашковар ва зиреҳпӯшҳо имрӯз ба поккории майдони Лӯълӯ, дар маркази Манома, пойтахти Баҳрайн, аз эътирозгарон шурӯъ карданд. Тазоҳургарон мегӯянд, дастикам 2 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Эътирозгарони аксаран шиъа бо талаби ислоҳоти сиёсӣ аз ҳокимони суннии ин ҷазиракишвари халиҷи Форс чанд ҳафта боз майдони Лӯълӯро ишғол кардаанд. Малики суннитабори Баҳрайн рӯзи сешанбе дар кишвар барои се моҳ вазъи изтирорӣ ҷорӣ кард. Кишварҳои халиҷи Форс, бо шумули Арабистони Саудӣ, низ ба Баҳрайн нирӯ ворид кардаанд.
XS
SM
MD
LG