Пайвандҳои дастрасӣ

Изҳори нигаронии амиқи императори Ҷопон


Император Акиҳито

Император Акиҳито

Императори Ҷопон Акиҳито имрӯз аз буҳроне, ки кишвараш дар пайи заминларза ва тсунамии рӯзи ҷумъа дучор шуд, изҳори нигаронии амиқ кард. Имрӯз қаблан коргаронро ба далели боло рафтани мизони радиатсия аз нирӯгоҳи ҳастаии садамадидаи Фукушима муваққатан берун овардаанд. Ин нирӯгоҳ дар пайи заминларзаи рӯзи ҷумъа ба як силсила оташсӯзиҳову таркишҳо рӯбарӯ шуд. Давлати Ҷопон мегӯяд, мизони радиатсия дар хориҷ аз радиуси 20 километр аз ин нирӯгоҳ, ки аҳолиашро алакай кӯч додаанд, хатаре ба сиҳҳати инсонҳо надорад.
XS
SM
MD
LG