Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон имрӯз аз майдони Таҳрир, маркази эътирозҳои зидди ҳукумати сисолаи Ҳуснӣ Муборак дар пойтахти Миср дидан кард. Ҳадафи сафари дурӯзаи Клинтон фишор ба ҳокимони низомии Миср аст, ки ба ваъдаи худ ҷиҳати ислоҳоти демократӣ амал кунанд. Ӯ имрӯз дар пайи мулоқот бо сарвазири Миср Исом Шариф гуфт:
“Амрико омода ҳаст бо тамоми роҳҳои мумкин барои гузариш аз ончӣ ки дар майдони Таҳрир рух дод, ба воқеъиятҳои навин дар Миср кумаки худро бирасонад.”

Клинтон баландтарин мақоми Амрикост, ки баъд аз истеъфои Муборак аз Қоҳира дидан мекунад. Ӯ имрӯз роҳии Тунис, як маркази дигари ошӯбҳои ахири ҷаҳони Араб хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG