Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши пок кардани майдони Лӯълӯ аз эътирозгарон


Нирӯҳои амниятӣ ва артиш бо ҳадафи аз эътирозгарон пок кардани майдони Лӯълӯ, дар маркази Манома, пойтахти Баҳрайн, аз гази ашковар истифода бурдаанд. Малики суннитабори Баҳрайн рӯзи сешанбе ба манзури фурӯ нишондани эътирози аксарияти шиъа дар кишвар барои се моҳ вазъи изтирорӣ ҷорӣ кард. Дирӯз дар ҷараёни даргириҳо байни тазоҳургарон ва нирӯҳои амниятӣ 3 нафар кушта ва 200 тан захмӣ шуданд. Кишварҳои халиҷи Форс, бо шумули Арабистони Саудӣ, ба Баҳрайн нирӯ ворид кардаанд.
XS
SM
MD
LG