Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Берун кашидани коргарон аз нирӯгоҳи Фукушима


Имрӯз коргаронро ба далели боло рафтани мизони радиатсия аз нирӯгоҳи ҳастаии садамадидаи Фукушима муваққатан берун овардаанд. Мизони радиатсия дар ин нирӯгоҳ, ки дар пайи заминларза ва тсунамии рӯзи ҷумъа дучори се таркиш шуд, имрӯз боло рафт, вале баъдан дубора пойин омад. Оташсӯзии дуввум дар реактори чоруми нирӯгоҳи Фукушима ҳангоми ба ҳавзи хунуккунандааш рехтани маводи сӯхти истифодашуда рух додааст. Аз реактори севвуми нирӯгоҳ низ имрӯз дуди сафед берун меомад.
XS
SM
MD
LG