Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Афғонистон дар нишасти Душанбе


Дидори Бордюжа бо Азимов дар Қайроқум дар таърихи 14 март
Дидори Бордюжа бо Азимов дар Қайроқум дар таърихи 14 март
Имрӯз дар Душанбе нишасти гурӯҳи кории махсуси Афғонистон дар Паймони амнияти дастаҷамъӣ(СПАД) оғоз шуд. Ин ҳамоиш бо ибтикори СММдаъват шудааст. Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон аз шаклгирии гурӯҳҳои нави мусаллаҳ дар Афғонистон ҳушдор дод, ки ба бовари ӯ, вуруд ба кишварҳои ҳамҷавор ба хотири ноором кардани авзоъро ба ҳадаф доранд.
Дабири кулли СПАД Николай Бордюжа, ки аз рӯзи душанбе бо як сафари панҷрӯза дар Тоҷикистон қарор дорад, Дабири аз таъсири манфии вазъи Афғонистон ба вазъи амниятӣ дар Тоҷикистону Қирғизистон изҳори нигаронӣ кард. Ӯ қаблан гуфт, ошӯбҳои ахири Ховари Миёна кишварҳои узви ин паймонро водор ба иттихози бархе тадобири муштарак мекунад.
СПАД эътилофи низомии кишварҳои пасошӯравист, ки Арманистону Беларус, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Узбакистонро дар атрофи Русия муттаҳид мекунад. Аммо Узбакистон дар ин паймон ширкати амалӣ надорад.
XS
SM
MD
LG