Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар шаҳри Душанбе нишасти муовинони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СПАД ҷараён дорад.

Мавзӯъи аслии ин нишасти дурӯза, баррасии авзоъ дар Афғонистон аст. Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД зимни ин нишаст гуфтааст, ки вазъи Афғонистон таъсироти манфие ба кишварҳои минтақа гузоштааст. Ӯ ба зарурати таҳияи пешниҳодоти муштарак барои кӯмак ба мусоидати субот дар Афғонистон таъкид намудааст.

ШАКЛГИРИИ ДАСТАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон аз ташаккули гурӯҳҳои мусаллаҳ дар қаламрави Афғонистон, ки қасди убури марзҳои он кишварро ба ин сӯи Омуро доранд, ҳушдор дод.

Ӯ мегӯяд: «Мо маълумоти кофӣ дар ихтиёр дорем, ки феълан дар қаламрави Афғонистон гурӯҳҳои нави мусаллаҳ дар ҳоли ташкилшавӣ бо ҳадафи убур аз марзҳои ин кишвар ба қаламрави ҷумҳуриҳои дигар ва бесубот кардани авзоъ ҳастанд».

Амирқул Азимов афзуд, ки ин маълумот дақиқ ва озмудашуда аст ва ба ин далел кишварҳои минтақа хоҳони расидагии ҳарчи сареътар ба мушкили Афғонистон ҳастанд. Хоса таъкид намуд, оқои Азимов бояд роҳи ҳалли мусолиматомез истифода шавад. Зеро ба гуфтаи ӯ, суботи минтақа ва кишварҳои атрофи он ба авзоъи Афғонистон сахт бастагӣ хоҳад дошт.

НИГАРОНӢ АЗ ВАЗЪ ДАР АФҒОНИСТОН

Дар ҳамин ҳол, Николай Бордюжа, дабири кулии СПАД низ дар ин нишаст аз идомаи ташаннуҷ дар шимоли Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои минтақа изҳори нигаронӣ кард. Ӯ гуфт, бештар ташаннуҷ пайдо кардани авзоъ дар Афғонистон таъсири мустақим ба амният ва суботи кишварҳои минтақа ва узви СПАД дорад ва мақомоти ин кишвраҳо аз ин ноҳияи нигарон ҳастанд.

Ӯ мегӯяд: «Авзоъи Афғонистон ба ҳадди қобили мулоҳизае фазои кишварҳои узви СПАД -ро таҳти таъсири мустақим қарор додааст. Ҳодисаҳои ахири ҷануби Қирғизистон ва Тоҷикистон бори дигар собит намуд, ки вазъият дар қаламрави мо таҳти таъсири ҳаводис ва авзои Афғонистон аст. Аз ин хотир кишварҳои мо ба таъмини субот ва рушди муназзами Афғонистон манфиатдоранд».

Николай Бордюжа таъкид намуд, ки бояд ин гурӯҳи корӣ як бастаи пешниҳодотеро барои сарони кишварҳои узви СПАД ҷиҳати кӯмак ба суботи Афғонистон таҳия кунад. Генерал Бордюжа ба зарурати ин амр таъкид намуд ва афзуд, амният ва суботи кишварҳои минтақа ба ин иқдом вобаста аст.

Аммо СПАД ва кишварҳои узви ин созмон бо вуҷуди чунин нигарониҳо то куҷо имкони посухгӯӣ ба чолишҳоеро доранд, ки аз онҳо нигарон ҳастанд? Суол ин аст, ки ин кишварҳо то куҷо хоҳанд тавонист дар муқобила бо чолишҳо нерӯҳои худро ҳамоҳанг кунанд?

ҲАМОҲАНГИҲОИ НОКОФӢ ДАР БАРОБАРИ ЧОЛИШҲО

Илҳом Назриев, таҳлилгари тоҷик мегӯяд: «Ин давлатҳо хатароти муштаракеро аз он тарфи Ому ҳис карда истодаанд. Ҳамчунин ниёз ба ҳамкориҳоро дар ин замина низ ҳис карда истодаанд Аммо ситемаи ҳамкории онҳо ба ҳамон ҳадди бояду шояд барои посухгӯӣ ба ин чолишҳо шакл нагирифтааст».

Ин дар ҳолест, ки расонаҳои хабарии ғарбӣ ва Афғонистон аз ташаннуҷи авзоъ дар шимоли ин кишвар ва вуқӯъи инфиҷор ва ҳамалоти Толибон дар ноҳияҳои наздик ба марзи Тоҷикистон хабар медиҳанд. Бар асари як ҳамлаи интиҳорӣ дар маркази ҷалби сарбозон ба артиши Афғонистон дар шаҳри Қундуз бештар аз 30 нафар кушта ва 50 нафар ҳам захмӣ шуданд.

Ин нишоне аз фаъолшавии гурӯҳҳои Толибон аст ва албатта нигаронии мақомоти Тоҷикистонро ба думбол дорад. Аммо як мақоми артиши Амрико дар Афғонистон низ ахиран эълон кардааст, ки нерӯҳои амрикоӣ бар асоси як қарордоде, ки бо кишварҳои Осиёи Марказӣ доранд, ҳаққи таъқиби унсурҳои террористиро дар дохили хоки ин кишварҳо низ доранд. Ин мақоми амрикоӣ аз як чунин ҳамкорӣ бо мақомоти Тоҷикистон дар тирамоҳи соли гузашта сӯҳбат кардааст, ки бар асари он амалиёт, 20 нафар аз аъзои як гурӯҳи мусаллаҳ нобуд шуданд ва нерӯҳои амрикоӣ дар ин амр кӯмаки техникӣ намудаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG