Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нерӯҳои шаш кишвари арабӣ ба шумули ҳазор сарбози Арабистони Саудӣ вориди Баҳрайн шудаанд.

Ин иқдом ба дунболи дархости режими салтанатии Баҳрайн ба хотири муқобила бо шӯришҳои шиаиён дар ин кишвар сурат гирифтааст.
Эрон дар мавриди вуруди нерӯҳои шаш кишвари арабӣ ба Баҳрайн вокуниши ҷиддӣ нишон дода ва онро ғайри қобили қабул хондааст...


Дар айни ҳол Амрико аз Арабистони Саудӣ ва кишварҳои арабии ҳошияи халиҷи Форс дархост кард, ки бо расидан ба Баҳрайн аз худ хештандорӣ нишон бидиҳанд.

ҲИФОЗАТ Ё САРКӮБӢ?

Ин иқдоми кишварҳои халиҷӣ аз сӯи ҳизби мухолиф ба шиддат маҳкум шуд. Раҳбари ҳамин ҳизб мудохилаи хориҷиро як ишғол хонда мегӯяд, ки ин иқдом вазъиятро дар Баҳрайн ба сурати хатарнок бадтар хоҳад кард.

Иброҳим Шариф Саид, раҳбари ҳизби мухолиф мавсум ба "Ал-ваъд" ба хабарнигорон дар Манама аксуламали худро чунин баён кард: "Мо ба бародарони худ дар Халиҷ мегӯем, замоне, ки кишвари мо ба хатаре аз хориҷ рӯбарӯ шавад, нерӯҳои шуморо истиқбол хоҳем кард, аммо замоне, ки шумо барои саркӯбии мардуми мо биёед, мо ин иқдомро як ишғол ҳисоб мекунем."



Хабаргузории "Ассошиайтед-Пресс" бо нақл аз як мақоми амниятии Арабистони Саудӣ, ки нахостааст номаш зикр шавад, гузориш дода, ки нерӯҳои муштараки шаш кишвари Шӯрои ҳамкориҳои Халиҷ аз тариқи сарҳади Арабистони Саудӣ вориди хоки Баҳрайн шудаанд.

Ин Шӯро шомили Баҳрайн, Арабистони Саудӣ, Кувайт, Қатар, Уммон ва Иморати Муттаҳидаи Арабӣ мешавад.

Рӯзномаи "Халиҷ", ки наздик ба режими Баҳрайн аст, гузориш дода, ки нерӯҳои шаш кишвари арабӣ барои ҳифозати нерӯгоҳҳои барқӣ ва таъсисоти нафтии Баҳрайн ба ин кишвар омадаанд.

ВОКУНИШҲОИ ҶАҲОНӢ

Дар аксуламалҳои байналмилалӣ Қасри Сафед гуфтааст, ки дохил шудани нерӯҳои муштараки кишварҳои арабӣ ишғол нест. Аммо аз Арабистони Саудӣ ва кишварҳои арабӣ хоста шудааст то дар баробари тазоҳуркунандагон аз худ хештандорӣ нишон диҳанд.

Аммо дар сатҳи минтақа, Эрон дар мавриди вуруди нерӯҳои шаш кишвари арабӣ ба Баҳрайн аксуламалҳои ҷиддӣ нишон дода онро ғайри қобили пазириш хондааст. Ромини Меҳмонпараст, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон дар як нишасти матбуотӣ гуфт, ки ҳузури нерӯҳои кишварҳои хориҷӣ ва мудохила дар умури дохилии Баҳрайн ғайри қобили пазириш аст ва вазъиятро дар оянда бадтар хоҳад сохт.

Аз ҷониби дигар, вазири хориҷии Иморати Муттаҳидаи Арабӣ мегӯяд, ки кишвараш барои фурӯ нишонидани хушунатҳо бо ҳукумати Баҳрайн ҳамкорӣ мекунад. Абдулло бин Зайд оли Наҳён, ки кишвараш дар ҳоли ҳозир раёсати Шӯрои ҳамкориҳои Халиҷро ба ӯҳда дорад дар Порис гуфт: «Ҳукумати Баҳрайн аз мо хост то роҳҳоеро ба хотири кӯмак ба он кишвар ҷиҳати поён додан ба бӯҳронҳо баррасӣ кунем ва мо дар ҳудуди 500 пулиси худро фиристодем, ки ҳоло дар он кишвар ҳастанд. Арабистони Саудӣ ҳам сарбозони худро ба онҷо фиристода аст.»

Тазоҳурот дар Баҳрайн алайҳи режими ҳоким аз ҳафтаҳо ба ин сӯ идома дорад, ки як бахш аз эътирозҳои зидди ҳукуматӣ дар Ховари Миёна ба ҳисоб меояд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG