Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди қатънома алайҳи Либия ба Шӯрои Амният


Чанд кишвар ба Шӯрои Амният қатъномаеро пешниҳод кардаанд, ки дар он хоста шудааст, ҳарими ҳавоии Либия барои парвоз мамнӯъ эълом шавад.Кишварҳои узви гурӯҳи ҳашт дирӯз пешниҳоди Фаронса ҷиҳати ҳарими мамнӯъ барои парвоз эълом кардани Либияро напазируфтанд. Фаронса мехоҳад, аз ин роҳ ба бомборони мавзеъҳои ошӯбгарон дар Либия хотима дода шавад. Масъалаи мазкур дирӯз дар нишасти ҳайъатҳои кишварҳои Гурӯҳи 8 дар шаҳри Порис баррасӣ шуд. Фаронсаву Бритониё ва Иттиҳодияи Араб тарафдори ҳарими мамнӯъ барои парвоз эълом кардани осмони Либия ҳастанд. Айни замон бино ба гузоришҳо, нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия, шаҳри Аҷдабияро аз дасти ошӯбгарон пас гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG