Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси як ҳизби Арманистон гуруснанишинӣ мекунад


Рафӣ Ҳованисиён, раиси як ҳизби мухолифи давлат дар Арманистон дирӯз бо талаби баргузории интихоботи нави раёсати ҷумҳурӣ ва порлумон ба гуруснанишинӣ шурӯъ кард. Ба гузориши бахши армании Радиои Озодӣ, раиси Ҳизби Мерос, эълом кард, ки “рӯзаи озодӣ” мегирад ва дар майдони Озодӣ дар шаҳри Ереван ба гуруснашинӣ шурӯъ кард. Рафӣ Ҳованисиён аз раиси ҷумҳури Арманистон Серж Саркиссиён хост, интихоботи шаффофу одилона баргузор кунад. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, умедвор аст, ҷомеаи Арманистон худаш сарнавишти кишварро ба даст мегирад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG