Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи Ҷӣ 8 пешниҳоди Фаронсаро роҷеъ ба Либия рад кард


Гурӯҳи Ҷӣ 8 пешниҳоди Фаронсаро дар бораи ғайри қобили парвоз эълон кардани ҳарими ҳавоии Либия рад кард. Ин нукта дар эъломияи ниҳоии ин гурӯҳ дар Порис зикр шудааст. Дар ин эъломия ба Муаммар Қаззофӣ-раҳбари Либия пешниҳод шудааст, ки агар вай ҳуқуқи башар дар Либияро нодида бигирад, ба “пайёмадҳои сангини он” дучор хоҳад шуд. Дар эъломия ҳамчунин аз СММ даъват шудааст, ки ба Қаззофӣ фишор орад, то вай аз мақомаш истеъфо диҳад.
XS
SM
MD
LG