Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайомадҳои садамаи нерӯгоҳи ҳастаии Ҷопон


Хуруҷи радиатсия аз нерӯгоҳи Фукушима, ки ба ҳадди барои сиҳҳати инсон хатарбор боло рафта буд, ист кардааст.

Бо вуҷуди коҳиш ёфтани хуруҷи радиатсия, таъсири садамаи нерӯгоҳи Фукушима ба муҳити атроф мояи тарсу таҳлука дар дохили Ҷопон боқӣ монда, баҳсҳо перомуни ояндаи ба сурати умум барқи ҳастаӣ дар саросари ҷаҳонро дигарбора доман задааст.
Ба эътиқоди муовини раиси Ожонси амнияти ҳастаии Тоҷикистон, садамаи ҳастаии Ҷопон мавҷи нави барномаҳои таҳкими амнияти нерӯгоҳҳои ҳастаиро ҳатман ба дунбол хоҳад дошт, вале баъид аст, ки масъалаи қатъи комили истифодаи инсоният аз барқи ҳастаиро дар миён бигузорад...


Мақомоти Ҷопон ҳушдор додаанд, ки мардум бояд аз манотиқи воқеъ дар радиуси то 30 километр аз ин нерӯгоҳ кӯч банданд. Қаблан ҳадде, ки метавонад асобат шавад, 20 километр таъйин шуда буд.

ЭҲТИМОЛИ БӮҲРОНИ МОЛӢ

Токио заминларза ва сунамии ахирро, ки шумори қурбониёнаш ба ҳазорон нафар мерасад, вахимтарин бӯҳрон аз замони ҷанги дуввуми ҷаҳон унвон мекунад.

Ин офот бо вуҷуди 183 миллиард доллар ваъдаи кӯмаки молии Бонки Ҷопон аллакай уфти башиддат ва беисти шохисҳои асосии бозори Ҷопонро дар пай оварда, ба бовари иқтисоддонҳо, зоҳиран мунҷар ба мавҷи нави буҳрони молӣ барои ба ин севвумин иқтисоди бузурги дунё хоҳад шуд.

Аммо пайомади дигари ҷиддие, ки аз садамаи нерӯгоҳи Фукушима бархостааст, бозбинии барномаҳои рушди нерӯи барқи ҳастаӣ тақрибан дар саросари дунёст.

Таъсири ин садама ба дурнамои ин бахши тавлиди энержиро тақрибан ҳамсанги фалокати 25 соли пеши нерӯгоҳи Чернобил медонанд, ки кишварҳои дунёро таҳрик дод, то рӯи манобеи дигари энержӣ ва ҳам рӯи таҳкими мизони амнияти нерӯгоҳҳои ҳастаӣ ҷиддитар биандешанд.

ҲАРОСИ АВРУПО

Ин бор дар Иттиҳодияи Аврупо ҳатто бар сари имкони қатъи комили истифода аз нерӯи ҳастаӣ фикр мекунанд. Николаус Берлакович, вазири ҳифзи муҳити зисти Австрия, гуфт, ки кулли нерӯгоҳҳои ҳастаии Аврупо бояд аз нав имтиҳон шаванд.

Вай афзуд, “амният дар авлавияти Аврупост. Дар пайи рӯйдодҳои Ҷопон мо бояд бо озмоиши ҳассосият мизони тобоварии нирӯгоҳҳо ба заминларзаро имтиҳон кунем, то ба амнияти мардум мутмаин шавем.”

Олмон низ, барои мисол, то садамаи Фукушима қасд дошт, замони баҳрабардорӣ аз нерӯгоҳҳои ҳастаияшро то 25 соли дигар тамдид кунад. Аммо мавҷи интиқодҳо аз ин барнома афзоиш ёфта, ахиран дар Штуттгарт ҳатто як эътирози густарда доир шуд.
Аммо дар асри 21 яке аз манбаъҳои асосии энержӣ фақат энержии атомӣ шуда метавонаду халос, чунки манбаъҳои дигар ҳам аз нигоҳи бехатарӣ ва ҳам аз нигоҳи самаранокӣ ба барқи атомӣ расида наметавонанд...


Садри аъзами Олмон Ангела Меркел эътироф кард, ки идомаи пуштибонӣ аз ин тарҳ дар шароити феълӣ беҳуда аст ва давлати ӯ ба ин масъала баъд аз 3 моҳи дигар бар хоҳад гашт.

“Бастани нерӯгоҳҳои ҳастаии Олмон ва сипас истифодаи нирӯи ҳастаӣ аз кишварҳои дигар роҳи ҳалли масъала нест. Танҳо посухи оқилона ҳаракат ба сӯи манобеъи эҳёшавандаи энержист”,-гуфт ӯ.

РЕАКТОРҲОИ ФОҶЕАОМЕЗ

Олмон рӯзи сешанбе, 15-уми март, эълон кард, ки тамоми нерӯгоҳҳои ҳастаияшро аз нав имтиҳон хоҳад кард. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел ба дунболи мулоқот бо волиёни вилоятҳои Олмон гуфт: “Дар пасманзари рӯйдодҳои Ҷопон, мо амнияти тамоми нерӯгоҳҳои ҳастаиро имтиҳон хоҳем кард. Он нерӯгоҳҳое, ки то соли 1980 сохта шудаанд, тайи 3 моҳи мораторий муваққатан баста мешаванд.”



Дар ҳоли ҳозир, 30 дарсади ниёзмандии Ҷопон бо нерӯи барқро нерӯгоҳҳои ҳастаӣ таъмин мекунанд. Таъминоти 15 дарсади бозори ИА низ аз ҳисоби 146 нерӯгоҳи ҳастаии фаъол дар қаламрави 27 кишвари узви ин созмон аст. Нусрат Воҳидӣ, устоди физикаи ҳастаӣ дар донишгоҳи Мюнхени Олмон мегӯяд, мушкили аслӣ аз кадом ҳисоб пур кардани чунин халои бузург дар бозорҳои энержист.

Воҳидӣ афзуд, "чӣ дар Чернобил ва чӣ дар Ҷопон иттифоқоти бисёр вахиме уфтода, ки одам бояд нисбат ба масоили энержии атомӣ таҷдиди назар кунад. Бахусус ин навъ реакторҳо, ки фоҷиаомез ҳастанд, бояд ҷойгузин шаванд. Мушкили асосии аврупоиҳо ва Ҷопон дар ин аст, ки ин ҳама энержии барқеро, ки лозим доранд, маълум нест, ки дар сурати қатъи кори реакторҳо чӣ тур ва аз куҷо бояд ҷуброн бикунанд.”

"ДИГАР ЧЕРНОБИЛ НАМЕШАВАД"

Нусрат Воҳидӣ мегӯяд, кори реакторҳои кунунӣ асосан бар пояи оби сабук аст, вале захираи урани 235, ки ба ҳайси маводи сӯхти нирӯгоҳҳои имрӯза истифода мешавад, то як садаи дигар поён хоҳад омад. Ба бовари ин донишманди эронӣ, нирӯи офтобу бод ва газ метавонад як алтернативаи нирӯи барқи ҳастаӣ бошад.

Аммо Абдуҷаббор Саломов, муовини раиси Ожонси амнияти ҳастаии Тоҷикистон, мегӯяд, тарси такрори фоҷиаи Чернобил дар вақташ рушди энержии ҳастаӣ дар Аврупоро, барои мисол, барои чанд даҳсола ба ақиб андохт, ки ба бовари ӯ, набояд ин бор такрор шавад.

“Дигар мисли Чернобил намешавад. Воҳимае, ки дар Аврупост, то ҳол воҳимаи ҳамон Чернобил аст. Аммо дар асри 21 яке аз манбаъҳои асосии энержӣ фақат энержии атомӣ шуда метавонаду халос, чунки манбаъҳои дигар ҳам аз нигоҳи бехатарӣ ва ҳам аз нигоҳи самаранокӣ ба барқи атомӣ расида наметавонанд. Дар асри 21 аз ин манбаъ дида, манбаъи безарартар дигар дар пеши назар нест”,-афзуд ӯ.

Ҷаноби Саломов афзуд, таҷрубаи Чернобил дар солҳои 80 тақвияти шадиди мизони амнияти нирӯгоҳҳои ҳастаиро дар пай дошт ва маҳз чунин тадобир боис шуд, ки дар Фукушима аз фалокати бакарат вахимтар ҷилавгирӣ шавад. Ба эътиқоди муовини раиси Ожонси амнияти ҳастаии Тоҷикистон, садамаи ҳастаии Ҷопон мавҷи нави барномаҳои таҳкими амнияти нерӯгоҳҳои ҳастаиро ҳатман ба дунбол хоҳад дошт, вале баъид аст, ки масъалаи қатъи комили истифодаи инсоният аз барқи ҳастаиро дар миён гузорад.
XS
SM
MD
LG