Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти марзбонони рус матраҳ нест?


Мақомот мегӯянд, Тоҷикистон барои ҳифзи марзҳои худ омодааст, вале ба кӯмаки ҳамшариконаш ниёз дорад.

Дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии амнияти марзҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд, ки дар он намояндагони Русия, Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои минтақа ширкат карданд.
Воситаҳои нақлияе, ки дар ихтиёр дорем, пешрафтатарини онҳо солҳои ҳаштодум тавлид шудааст, ки истифодаи онҳо номуаассир ва номумкин аст...


Ҳадафи ин конфронс баррасии роҳҳои ҳамкории кишварҳои кӯмакрасон дар чаҳорчӯбаи барномаи КАПСИ ва БОМКА барои таҳкими амният ва идораи марзҳо аст.

Мақомоти Тоҷикистон зимни ин конфронс гуфтаанд, нерӯҳои амниятии Тоҷикистон бо мусоидат ва кӯмак ҳамчунон ниёз доранд.

"ТОҶИКИСТОН ТАВОНИ ҲИМОЯИ МАРЗРО ДОРАД"


Ин дар ҳолест, ки Пер Морел, сафири Иттиҳодияи Аврупо дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ низ бо раисҷумҳури Тоҷикистон масъалаи амнияти марзҳо ва идомаи кӯмаки ИА тавассути БОМКА ба марзбонони тоҷикро баррасӣ кардааст.



Ин мулоқот дар пасманзари нишасти нӯҳуми ҳамкориҳои марзӣ дар Осиёи Марказӣ ба мақсади иҷрои барномаи БОМКА, тарҳи кӯмак ба амният ва идораи марзҳо, доир мешавад. Фиристодаи вижаи ИА низ аз суханронони аслии ин нишаст буд.

Шараф Файзуллоев, муовини фармондеҳи нерӯҳи марзбонии Тоҷикистон
Шараф Файзуллоев, муовини фармондеҳи нерӯҳи марзбонии Тоҷикистон зимни ин нишаст гуфт, нерӯҳои Тоҷикистон аз соли 2005 ҳимояи тамоми дарозии марзии кишварро ба дӯши худ доранд ва собит намуданд, ки ба чунин коре омода мебошанд.

Аммо дар ҳоли ҳозир мушкилоте вуҷуд дорад, ки интизори ҳалли худ мебошанд. Ҷаноби Файзуллоев гуфт, нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба кӯмаки сареъ ва ҳалли мушилоти худ ниёз доранд ва Тоҷикистон умедвор аст, ки бо нерӯи худ ва мусоидати худшариконаш роҳи ҳалли ин мушкилотро пайдо мекунад.

Генерал Файзуллоев афзуд, "воситаҳои техникии ҳимояи марзҳо, шаҳракҳои марзбонон, силоҳу муҳимот ва васоили нақлияву мухобирот барои мо баъди хуруҷи нерӯҳои русӣ ба мерос мондааст. Ин ҳама воситаҳоест, ки аз замони Шӯравӣ боқӣ мондааст. Ҳамаи ин ба навсозӣ ва таҷдид ниёз дорад. Застава ё посгоҳҳои марзии мо дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон дар миёни солҳои 1928 то 1966 сохта шудаанд. Ин сохтмонҳоро ҳатто дигар имкони таъмир намудан вуҷуд надорад. Бояд онҳоро аз нав сохт. Воситаҳои нақлияе, ки дар ихтиёр дорем, пешрафтатарини онҳо солҳои ҳаштодум тавлид шудааст, истифодаи он номуаассир ва номумкин аст. Ҳадаф аз мулоқот ва нишасти мо, ҳалли ҳарчи зудтари ҳамин масъалаҳо бо мусоидати ҳамкоронамон мебошад. Зеро авзоъ ҳамчунон мураккаб боқӣ мондааст ва ин воситаҳо барои мо ҳоло заруранд, на баъди даҳ сол."

МАРЗБОНОНИ РУС МЕОЯНД?


Ҳамзамон ҷаноби Файзуллоев гуфт, нерӯҳои сарҳадии кишвар шумораи дидбонгоҳҳои марзиро дар ҳудуди Тоҷикистон бо Афғонистон афзоиш хоҳанд дод.

Генерал Файзуллоев мегӯяд, аммо то кунун дар бахши таҷдиди низоми назорати гузаргоҳҳо, аз ҷумла дар марз бо Афғонистон ва ҳамаи фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон нерӯҳои марзбонӣ бо технологияи навтарин муҷаҳҳаз шудаанд. Ва инчунин васоили мухобиротии неруҳои марзбонӣ ба дастгоҳҳои муосир табдил шудаанд.

Муовини фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон инчунин гуфт, музокироти Тоҷикистон ва Русия дар мавриди ҳамкориҳои марзӣ ва шароити идомаи ҳузури Гурӯҳи фаврии марзбонии Русия дар Тоҷикистон идома дорад.

Ӯ афзуд, дар ин музокирот масъалаи бозгашти нерӯҳои марзбони Русия ба марзи Тоҷикистон ва Афғонистон матраҳ нест. Генерал Файзуллоев афзуд, бо вуҷуди ин мушкилот, нерӯҳои марзбони Тоҷикистон имкони таъмини амнияти марзҳо ва истиқлолияти давлатии худро доранд.

ЧОЛИШҲОИ ПЕШИ РӮ

Дар ҳамин ҳол, Пер Морел, фиристодаи вижаи ИА дар умури кишварҳои минтақа низ гуфт, таъмини амнияти марзҳо ҳамчунон аз самтҳои аслии ҳамкории Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон қарор хоҳад дошт.

Пер Морел, фиристодаи вижаи ИА дар умури кишварҳои Осиёи Миёна
Ӯ мегӯяд: "Оғози ин ҳамоиш нишон дод, ки мо чӣ гуна якдигар ва муҳим будани масъаларо дарк мекунем. Мо роҳҳои амалкард ва шароити ояндаро ва инчунин чолишҳои пеши руйро ташхис ва баррасӣ мекунем. Мо медонем, ки чаро ҳамкорӣ дар масъалаи амнияти марзҳо муҳим аст. Таҳдидҳо барои ҳама ошност, терроризм, ифторгароӣ ва қочоқ мушкилотест, ки мо дар Аврупо ҳам онро эҳсос мекунем. Инҳо мушкилоти умумии мо ҳастанд, барои ҳамин ҳамкорӣ дар бахши таъмини амнияти марзҳо муҳим аст."

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон аз соли 2005 ба ин сӯ, аз замони хуруҷи нерӯҳои Русия аз марзҳои Тоҷикистон ҳимояти ин марзҳоро бар дӯш доранд. Кишварҳои аврупоӣ ва Амрико дар чаҳорчӯби барномаи кӯмак ба амнияти марзҳо ё БОМКА барои таҳкими низоми марзбонии Тоҷикистон кӯмак мекунанд.

То ҳоли ҳозир бештар аз 16 миллион доллар тавассути ин барнома барои сохтмони посгоҳҳои марзӣ, харидории васоили нақлия ва мухобирот, таъмини техникии гузаргоҳҳо ва омӯзиш додани марзбонони тоҷик масраф шудааст. Аммо масъулини нерӯҳои марзбони Тоҷикистон мегӯянд, барои комилан худкор шудани ин нерӯҳо ва ба вуҷуд омадани ситемаи фаъоли марзбонӣ, солона ба даҳҳо миллион доллар ниёз доранд.
XS
SM
MD
LG