Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти эътирозӣ дар Бозор Қурғони Қирғизистон


Азимҷон Аскаров
Азимҷон Аскаров
Имрӯз дар Бозор Қурғон шаҳре дар ҷануби Қирғизистон ҳудуди 100 нафар раҳпаймоӣ анҷом доданд ва тақозо карданд, ки Азимҷон Аскаров-фаъоли машҳури ҳуқуқи башари узбак дар зиндон боқӣ бимонад. Аскаров моҳи сентябри соли гузашта барои даст доштан дар куштори корманди полис ва созмондиҳии диргириҳои қавмӣ дар Бозор Қурғон маҳкум ба ҳабси абад шудаи буд. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар дар Қирғизистон ва хориҷ аз он аз ин ҳукми додгоҳ интиқод карданд. Имрӯз тазоҳуркунандагон дар назди бинои ҳукуматии Бозор Қурғон гуфтанд, онҳо ҳарос доранд, ки Аскаров аз зиндон раҳо мешавад, зеро вай ҳафтаи гузашта ҷоизаи ҳуқуқи башари ҷумҳурии Чехро дарёфт кардааст.
XS
SM
MD
LG