Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳмадинежод: Ҳодисае мисли ниругоҳи Ҷопон имкон надорад


Ниругоҳи ҳастаии Бушеҳр

Ниругоҳи ҳастаии Бушеҳр

Маҳмуд Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон имрӯз гуфт, ки ниругоҳи ҳастаии кишвараш дар Бушеҳр нисбат ба ниругоҳи ҳастаии Ҷопон таҷҳизоти муосири амниятӣ дорад ва рух додани пешомаде мисли ниругоҳи ҳастаии Ҷопон аз эҳтимол дур аст. Аҳмадинежод дар мусоҳибае бо як шабакаи телевизионии Испания гуфт, Бушеҳр дар ҷануби Эрон воқеъ аст ва таҷҳизоти дорои меъёрҳои баланди амниятӣ дорад ва вай фикр намекунад, ки ягон масъалаи ҷиддии ғайриқобили пешбинӣ пеш ояд. Ба гуфтаи вай, агар чизе рух диҳад, аз қобилияти инсонӣ берун хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG