Пайвандҳои дастрасӣ

Задухӯрд дар зиндони вилояти Чуйи Қирғизистон


Бино ба гузоришҳо аз Қирғизистон, дар зиндоне дар вилояти Чуй, воқеъ дар 40 километрии шимоли шаҳри Бишкек миёни зиндонбонон ва зиндониён задухӯрд сурат гирифтааст. Дар ин задухӯрд чанд нафар аз посбонон ҷароҳат бардоштаанд. Турсунбек Охун-Бозраси ҳуқуқи башари Қирғизистон гуфтааст, задухӯрди зиндониён бо зиндонбонон шаби 14-ӯми март рух додааст ва ҳоло 2 нафар аз кормандони дафтари вай дар ин зиндон ба қазия расидагӣ мекунанд. Дар бораи ҷароҳат бардоштани зиндониён хабар дода нашудааст.
XS
SM
MD
LG