Пайвандҳои дастрасӣ

Бо тасмими раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев 16-уми апрел бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон дуввумин ниммарафони байналмилалӣ баргузор хоҳад шуд.

Раҳматшоҳ Камолов, мудири бахши варзиши раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ба радиои Озодӣ гуфт, дар ин ниммарафон, ки масофаи 21 километру 97 метрро дарбар мегирад, варзишгарони бародаршаҳрҳои Душанбе ва манотиқи мухталифи Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.

Ба гуфтаи ҷаноби Камолов барои баргузории ин мусобиқа аз бунёди захиравии раиси шаҳри Душанбе 178,4 ҳазор сомонӣ ё наздики 40 ҳазор доллари амрикоӣ ихтисос дода шудааст, ки аз он ҷумла ба ғолибони пойга миёни мардону занон ба маблағи 3,5 ҳазор долларӣ супурда хоҳад шуд.

Ҳамчунин варзишгароне, ки дар ҷойҳои аз 2-юм то 6-ум қарор мегиранд, бо мукофоти пулӣ сарфароз мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки нахустин ниммарафони байналмилалӣ порсол бо пирӯзии Тоҳир Мамашев (Қазоқистон) ва Надежда Поволяева (Русия) ба анҷом расида буд.

Сотиболдӣ Ҳаитов, варзишгари тоҷик, соли гузашта дар сабқати мардон дар ҷои панҷум қарор гирифта буд. Дар сабқати занон намояндагони Тоҷикистон Надима Мирзоева ҷои чаҳорум, Хосият Тошева ҷои панҷум ва Нодира Мирзоева ҷои шашумро касб карда буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG