Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин ҷаласаи КМИР ба раҳбарии Шоҳиён


Нахустин ҷаласаи ҳайати навшудаи Комиссияи марказии интихобот таҳти раҳбарии Шермаҳмади Шоҳиён баргузор шуд.

Раиси нави КМИР эълом дошт, ки дар ин ҳайати нав 5 узв тағйир хӯрдаанд.

Ҳамин тариқ, ба истиснои Шермуҳаммади Шоҳиён, собиқ раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, дифоъ ва амнияти Маҷлиси намояндагон, ки ҷойгузини Мирзоалӣ Болтуев, раиси собиқи комиссия шуд, муовини ӯ Кароматулло
Интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи Синои шаҳри Душанбе аввалин санҷиши ҳайати нави Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ба раҳбарии Шермаҳмади Шоҳиён хоҳад буд...
Холиқов, декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ интихоб шудааст.

Қаблан ин мақомро Мизроб Кабиров соҳибӣ мекард. Боз ду узви дигари комиссия, ки ба кори дигар гузаштаанд ва низ як нафар, ки фавтидааст, иваз шудаанд.

"ҲАВЗАИ ДОҒ"

Дар ҳайати Комиссия намояндагони 7 ҳизби сиёсӣ, ба истиснои Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва бақия беҳизбиён шомил мебошанд.

Ҷаласаи нахустини ҳайати навшудаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон санаи баргузории интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи Синои шаҳри Душанберо муқаррар кард.

Шермаҳмади Шоҳиён
Шермаҳмади Шоҳиён гуфт, рӯзи 15-уми майи соли равон дар ҳавзаи якмандатаи интихоботии рақами 4-и Синои пойтахт интихобот баргузор хоҳад шуд: "Маъракаи интихоботӣ тибқи қонун 60 рӯз пеш оғоз мешавад. Ҳизбҳои сиёсӣ ва беҳизбиён метавонанд худи пагоҳ, 16 март ба пешбарии номзадҳо шурӯъ кунанд. То 45 рӯзи қабл аз интихобот пешбариҳо анҷом меёбанд."

ШАРТИ СОТСИАЛ-ДЕМОКРАТҲО

Интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи Синои шаҳри Душанбе ба сабаби қатъи пеш аз мӯҳлати ваколатҳои вакили ин ҳавза Шермаҳмади Шоҳиён баргузор мешавад, ки дар интихоботи парлумонии феврали соли гузашта бар раиси Ҳизби сотсиал-демократ Раҳматилло Зойиров пирӯз омада буд.



То ба ҳол ҳизбҳои халқӣ-демократӣ, наҳзати ислом ва аграрӣ омодагии худро барои ширкат дар интихоботи миёндавраӣ изҳор доштаанд. Ду ҳизб -коммунистӣ ва демократӣ ширкат дар ин маърака зарур намешуморанд. Ҳизби сотсиал-демократ мегӯяд, ба шарте дар интихобот ширкат мекунад, ки намояндагонаш дар комиссияҳои ҳавза ва қитъа, бахусус ҳангоми шумори оро ҳузур дошта бошанд.

Шермуҳаммади Шоҳиён гуфт, тибқи қонунгузорӣ аҳзоб метавонанд фақат дар ҳавзаҳои интихоботӣ намоянда дошта бошанд, аммо дар қитъаҳои интихоботӣ онҳо ҳаққи гузоштани нозиррро доранд.

САНҶИШИ НАХУСТИН

Вай афзуд, дар Тоҷикистон 35 ҳазор қитъаи интихоботӣ аст, аммо аксари ҳизбҳо ин қадар узв надоранд ва ин ҳол барои ташкили қитъаҳо монеа эҷод мекунад.

Аммо дар посух ба ин суол, ки «дар ноҳияи Сино ҳамаи ҳизбҳо узв ва нерӯи кофӣ доранд, оё имкони қабули онҳо ба қитъаҳо вуҷуд дорад?», оқои Шоҳиён гуфт: "Дар 50 қитъаи интихоботӣ ҳар ҳизб, ки номзад пешниҳод мекунад, номзади худро омода ва иштирок кунад. Ҳеҷ монеае нест. Мардум худ муайян кунад, ки ҷонибдори кист. Нозирҳо раванд ширкат кунанд, ҳам рафти баргузории интихоботро назорат мекунанд ва ҳам шумориши овозҳоро."

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйгирии Тоҷикистон ҳайати навшудаи ниҳодро як гурӯҳи холисе унвон кард, ки барои баргузории интихоботи шаффофу демократӣ кӯшиш хоҳад кард. Интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи Синои пойтахт аввалин санҷиши ин комиссия хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG