Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон аз тарҳи CASA-1000 изҳори норизоятӣ кардааст


Бино ба хабари CA-NEWS, Узбакистон барои судури барқи Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон шикоят кардааст ва гуфтааст, ки тарҳи CASA-1000 ба тавофуқоти байналмиллалӣ мутобиқат намекунад. Узбакистон ба нақшаҳои Покистону Тоҷикистон дар бораи эҳдоси хати интиқоли барқ мухолифат нишон додааст. Ин хати 750 километрӣ метавонад 1000 МГт барқи Тоҷикистонро ба хориҷ интиқол диҳад. Тибқи хабарҳои матбуоти Покистон, сафорати Узбакистон дар Покистон ба ҳукумати Покистон номае фиристода изҳор доштааст, ки нақшаҳои Покистон ба муқаррароти байналмиллалӣ мутобиқат намекунад. Ориф Каримов-сафири Узбакистон гуфтааст, на танҳо Узбакистон, балки Қазоқистону Туркманистон, яъне кишварҳои дигари поёноб низ аз ин нақша розӣ нестанд.
XS
SM
MD
LG