Пайвандҳои дастрасӣ

Вилояти Маскав ба фарзандони қурбониён кӯмак мекунад


Бино ба хабари ИТАР-ТАСС-и Русия, фарзандоне, ки падару модар ва ё яке аз волидайнашон дар инфиҷори фурудгоҳи Домодедовои Маскав ба қатл расидаанд, ҳар моҳ аз будҷаи вилояти Маскав 14 000 рубли русӣ кӯмак хоҳанд гирифт. Дар ин бора вилояти Маскав санадеро ба тасвиб расондааст. Валентина Лагункина-вазири ҳифзи иҷтимоии вилоят хабар додааст, ки аз қурбоншудагони ин инфиҷор 9 кӯдаки ноболиғ яке аз волидонашонро аз даст додаанд. Ин кӯмакпулӣ то расидани ин кӯдакон ба синни 18-солагӣ пардохт мешавад. Вале агар онҳо ба шӯъбаҳои рӯзонаи донишгоҳҳо барои таҳсил дохил шаванд, то синни 23-солагӣ ин кӯмакро дарёфт мекунанд. Дар инфиҷори фурудгоҳи Домодедовои Маскав 37 нафар кушта шуд. Аз онҳо 3 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон буданд. Ин тасмими вилояти Маскав ба фарзандони онҳо тааллуқ надорад ва хонаводаҳои онҳо танҳо як бор кӯмаки 2 миллион рублӣ дарёфт мекунанд.
XS
SM
MD
LG