Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норизоиятии Узбакистон аз тарҳи "СASA-1000"


Мақомоти Узбакистон алайҳи тарҳи интиқоли барқи Тоҷикистон ба Покистон эътирози худро баён кардаанд.

Ба навиштаи рӯзномаи англисизабони "Dawn”, чопи Покистон, сафири Узбакистон дар Исломобод Ориф Каримов ҳафтаи гузашта бо мақомоти баландпояи Вазорати обу энержии Покистон мулоқот анҷом дода, номаи "норизоияти"-и кишвараш аз ин тарҳро ба онҳо додааст.
Дар муқобил, ҷониби Узбакистон ба Покистон пешниҳод додааст, ки барои рафъи мушкили барқ дар ин кишвар, Узбакистон ва кишварҳои дигари поёноб, Қазоқистон ва Туркманистон, омодаанд ҷиҳати оғози бунёди се нерӯгоҳи барқи обӣ бо иқтидори 1315 мегаватт дар дарёи Сувот дар шимоли Покистон кӯмаки молӣ кунанд...


Дар ин гузориш бо ишора ба мактуби сафорати Узбакистон омадааст, ки ҳама кишварҳои поёноб - Узбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон мухолифи ин тарҳ мебошанд, зеро манофеи онҳо дар ин тарҳ ба назар гирифта нашудааст.

УЗБАКИСТОН АЗ ПОКИСТОН ЧӢ ХОСТ?

Бар асоси тарҳи CАSА-1000, Тоҷикистон тасмим дорад нерӯи барқи худро тавассути Афғонистон ба Покистон, ки солҳо боз бо камбуди барқ рӯ ба рӯ аст, содир намояд. Ин тарҳ дар марҳилаи баъдӣ, интиқоли барқи 300 мегаваттӣ аз Қирғизистон ба Покистонро низ аз ҳамин масир дар назар дорад.

Дар ин номаи сафорати Узбакистон гуфта шудааст, ки "мавқеи Узбакистон дар масоили обӣ бо қонунҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ асос ёфтаааст. Кишварҳои болооб бояд Созишномаи фаромарзии муҳитзистӣ дар бораи бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ-обиро риоя намоянд."

Тошканд аз Исломобод хостааст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистонро мутақоид созад, то дар масъалаи истифодаи захираҳои оби минтақа, қавонин ва меъёрҳои байналмилалиро муроот намоянд: "Мавқеи Покистон метавонад ба ҳайси як кишвари воридкунандаи барқ дар ҳалли низоъҳои обии минтақаи Осиёи Миёна созанда бошад ва тарҳҳои минтақавиро бар пояи иттифоқи оро ва будуни муноқиша амалӣ намояд."

ПЕШНИҲОДИ ТОШКАНД

Сафири Узбакистон гуфтааст, тарҳи пешниҳодии интиқоли барқи Тоҷикистон ба Покистон, тавассути хоки Афғонистон - ноомнтарин нуқтаи ҷаҳон мегузарад.

Дар муқобил, вай ба ҷониби Покистон пешниҳод додааст, ки барои рафъи мушкили барқ дар ин кишвар, Узбакистон ва кишварҳои дигари поёноб, яъне Қазоқистон ва Туркманистон омодаанд ҷиҳати оғози бунёди се нерӯгоҳи барқи обӣ бо иқтидори 1315 мегаватт дар дарёи Сувот дар шимоли Покистон кӯмаки молӣ намоянд.

Ҷониби Узбакистон покистониҳоро мехоҳанд мутмаин кунанд, ки тарҳи алтернативии 1315 мегаватӣ, на танҳо мушкили барқ дар ин кишвар, балки дар обёрии масоҳати бузурги киштзорҳо дар ин кишвар кӯмак хоҳад кард.

ТОҶИКИСТОНУ ПОКИСТОН ВА "CASA-1000"

Аммо ин нигаронӣ ва мухолифати Узбакистон алайҳи тарҳи CASA-1000 дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳафтае пеш расиҷумҳури Тоҷикистон бо як cафари чаҳоррӯза дар Исломобод буд ва созишномаҳои ҳамкорӣ, бахусус дар заминаи энержиро ба имзо расонидаанд.

Хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқ мавсум ба CASA-1000 аз тарҳҳои бузурги минтақавист, ки бо кӯмаки созмонҳои бузурги молиявии ҷаҳонӣ, ба монанди Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки рушди Осиё бо ҳазинаи 680 миллион доллар сохта мешавад ва умдатан интиқоли барқи нерӯгоҳҳои "Қамбарота"-и Қирғизистон ва "Роғун"-и Тоҷикистон ба Афғонистон ва Покистонро дар назар дорад.

Ба гуфтаи мақомот, дар оғоз тариқи ин хатти баландшиддати 500 киловолта 1000 ва ниҳоятан 4000 мегават барқ ба Осиёи Ҷанубӣ, умдатан Покистон интиқол дода хоҳад шуд.

ДАР БОРАИ ТАРҲИ CASA-1000

Покистон умед ба барқи Тоҷикистон дорад

Зубайдулло Зубайдов: "Бунёди CASA-1000 шурӯъ мешавад"
XS
SM
MD
LG