Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пйер Морел ба Тоҷикистон омад


Фиристодаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо дар умури Осиёи Марказӣ Пйер Морел ва раҳбари бахши Русияву Аврупои шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар идораи сиёсати хориҷии ИА Гуннар Виганд бо як сафари дурӯза вориди Тоҷикистон шудаанд. Онҳо дар Душанбе дар нишасти солонаи махсуси баҳси масоили амнияти марзӣ ва ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ ширкат хоҳанд кард. Дар ин ҳамоиш иштироки беш аз 100 вакил аз кишварҳои минтақа ва кишварҳову созмонҳои дигар дар назар дошта шудааст. Қарор аст, фиристодаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо дар умури Осиёи Марказӣ бо раисҷумҳури Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кунад.
XS
SM
MD
LG