Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбарони Ҳизби демократ ва Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон мегӯянд, майли ҷавонон ба ҳизби онҳо афзудааст.

Ҳайдулло Абдуллоев, муовини раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон, гуфт, ҳоло 60 дарсади аъзои ҳизбашро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки қисмати аслии онҳо донишҷӯ ва соҳибкоранд.

Ҷаноби Абдуллоев мегӯяд, роҳандозии арзишҳои мардумсолорӣ дар барномаи ҳизб солҳои ахир боис ба он шудааст, ки ҷавонон бештар ба суроғи ҳизби онҳо оянд.

АЪЗОИ ҶАВОН, ВАЛЕ ДАР МУҲОҶИРАТ

Ба гуфтаи ӯ, чанд соли пеш дар сафи ҲДТ маъмулан миёнсолон ва собиқадорон буданд, ки акнун онҳоро ҷавонони муосир ва дорои арзишҳои демократӣ иваз кардаанд.

Абдулҳалим Ғаффоров, раиси ҲСТ
Ин дар ҳолест, ки Абдуҳалим Ғаффоров, раҳбари Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон, низ мегӯяд, 33 дарсади аъзои ҳизби ӯро ҷавонон ташкил мекунанд.

Вале ҳамон тавре ки ҷаноби Ғаффоров афзуд, аксари аъзои ҷавони ҳизби онҳо дар муҳоҷират қарор доранд: "Онҳо дар бозорҳои бузурги Маскав кор мекунанд ва мавқею мароми худро мушаххас кардаанд. Онҳо фирмаҳои тиҷоратии худро доранд."

Пешвои сотсиалистҳои Тоҷикистон мегӯяд, суханрониҳои раҳбари ин ҳизб тариқи матбуоти мустақил ва давраи пеш аз интихоботи парлумонии соли 2010 ба афзоиш ёфтани раванд ё "дилгарми"-и ҷавонон сабаб шудааст ва ҳоло акнун ба ҷойи наслҳои солҳои 90-ум, насли нави ҷавонон ба ҳизб мепайванданд.



ВОҚЕИЯТ КАДОМ АСТ?

Масъуд Собиров, раҳбари ҲДТ
Аммо дар маҳофили сиёсӣ назарҳо дар мавриди ҷавонгаро будани ин гурӯҳҳои сиёсӣ ва ё таваҷҷӯҳи ҷавонон ба ин ду ҳизб мутафовит аст.

Бар асоси натиҷаи як назарсанҷии Оҷонси иттилоотии TojNews, ки "агар якшанбе интихобот баргузор шавад, ба кадом ҳизб овоз медиҳед", 262 нафар гуфтаанд, ки муқобили ҳамаи ҳизбҳо овоз медиҳанд. 253 нафар ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро раъй додаанд.

Дар ин назарсанҷӣ ҷои сеюмро бо 31 овоз Ҳизби сотсиал-демократ ва зинаи чорумро бо 16 овоз Ҳизби халқӣ-демократӣ касб кардаанд. Ҳамчунин, Ҳизби коммунист соҳиби 3 овоз, Ҳизби демократ 2 овоз ва Ҳизби аграрию Ҳизби сотсиалист соҳиби 1-овозӣ гардидаанд.

Фазлиддин Асозода, сардабири сомонаи TojNews мегӯяд, бо назардошти натиҷаи ин назарпурсӣ метавон гуфт, ки раванди аъзошавии ҷавонон ба ҲСТ ва ҲДТ кунд аст: "ҲНИТ дар назарпурсии мо бештар аз ҳизбҳои дигар овоз гирифт. Ба назар мерасад, ки дар ҲСТ ва ҲДТ тақрибан ҷавонон вуҷуд надоранд."

ҲИЗБҲОИ "МУРДА"

Фазлиддин Асозода, масъули сомонаи TojNews
Эраҷи Амон, таҳлилгари ҷавони тоҷик, мегӯяд, маъмулан ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон шабеҳи "гул" ҳастанд ва танҳо дар "авҷи баҳор", яъне маъракаи интихобот мешукуфанд ва аз "ҳизб будан"-и худ дарак медиҳанд.

Ҷаноби Амон мегӯяд, ба омори раҳбарони ҲСТ ва ҲДТ шак дорад, чаро ки то ҳол ба ҷузъ дар матбуот, ягон-ягон мавод, ки бо имзои Масуд Собиров ва Абдуҳалим Ғаффоров нашр мешаванд, аз ягон барномаи ин ҳизбҳо хабар нашунидааст ва роҳбарони ин ҳизбҳо бо ҷавонон низ вохӯриҳоеро ташкил накардаанд.

"Гуногунадешӣ бояд бошад. Ҳизбҳо бояд ба қонуншиканӣ ва он мардумозорие, ки ба назар мерасад садо ва эътирозҳо кунанд, аммо намекунанд, ҳизбҳои сиёсӣ мисли «мурда» ҳастанд",-афзуд ӯ.

Гузашта аз ин, талоши мо барои сӯҳбат бо ҷавонони ин ду ҳизб ҲДТ ва ҲСТ натиҷа надод. Ҳатто худи роҳбарони ҳизбҳо натавонистанд ҷавонеро аз сафи ҳизби худ барои мо пайдо бикунанд. Ба гуфтаи онҳо "телефони пайравони ҷавони онҳо хомӯш аст..."

ҲНИТ ҶАВОНОНРО ҶАЛБ МЕКУНАД?


Сӯҳбати Муҳиддин Кабирӣ бо гурӯҳи ҷавонон
ҲДТ ва ҲСТ дар солҳои 90-ум рӯи саҳнаи сиёсии Тоҷикистон пой гузоштаанд. Баъд аз зиндонӣ шудани раҳбари ҲДТ Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ин ҳизб, ба ду гурӯҳ тақсим шуд ва аз соли 2006 то ба ҳол Вазорати адлияи Тоҷикистон Масъуд Собировро ба унвони раҳбари ҲДТ шинохтааст.

Сарнавишти ҲСТ низ бо ҲДТ мушобеҳ аст. Баъд аз қатли муассис ва раҳбари пешини он Сафаралӣ Кенҷаев, ин ҳизб ба ду гурӯҳ ҷудо шуд ва раҳбарии қаноти эътирофшудаи ҳукуматро Абдуҳалим Ғаффуров ва қаноти дигарашро Мирҳусейн Назриев ба ӯҳда доранд.

Раҳбарии ҲХДТ-ро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумуҳури Тоҷикистон, ба дӯш дорад ва ба гуфтаи масъулини ин ҳизб, 45 дарсади аъзояшро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ, ки дуввумин ҳизби нерӯманд дар кишвар дониста мешавад, даъво дорад, ки 40 дарсади аъзои ин ҳизб ҷавононанд. Бо ин ҳол, танҳо роҳбарияти ҲНИТ ҳар моҳ бо ҷавонон вохӯрда, бо онҳо масоили мухталифро баҳс мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG