Пайвандҳои дастрасӣ

Сабқати гурӯҳии Ҷоми Рустам Долтабоев оид ба футбол, ки бо ширкати 6 даста дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор шуд, рӯзи 14-уми март ба анҷом расид.

Дар гурӯҳи «А» дастаи «Шодмон»-и Ҳисор бо 6 имтиёз мақоми аввалро касб кард. Ҳисориҳо бар ду тими Душанбе - “Гвардия” бо ҳисоби 4:1 ва ”Энергетик” бо ҳисоби 3:0 пирӯзӣ ба даст оварданд.

«Энергетик”, ки дар бозии дуввумаш “Гвардия”-ро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод, бо 3 имтиёз дуввум шуд. «Гвардия» бидуни имтиёз дар ҷои охирин - саввум қарор гирифт.

Дар гурӯҳи «Б» дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бо 4 имтиёз соҳиби ҷои аввал гардид. Кӯлобиҳо, ки нахуст бар “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 1:0 ғолиб омаданд, бозии дуввумро бо “Хайр”-и Ваҳдат бо натиҷаи мусовии 0:0 анҷом доданд.

«Регар-ТадАЗ”, ки дар даври дуввум “Хайр”-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод, ҷои дуввумро азони худ кард. «Хайр” бо 1 имтиёз дар ҷои охирин қарор гирифт.

Ба ин тартиб дар даври ниманиҳоӣ рӯзи чоршанбеи 16-уми март «Шодмон” бо «Регар» ТадАЗ ва “Равшан” бо «Энергетик» қувваозмоӣ мекунанд.

Барандаи Ҷоми Рустам Долтабоев дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи ҷумъаи 18-уми март, соати 12 дар варзишгоҳи “Металлург”-и Турсунзода баргузор мешавад, муайян хоҳад шуд.

Пеш аз бозии ниҳоӣ дар ин варзишгоҳ дастаҳои дар даври ниманиҳоӣ мағлубшуда барои ҷои саввум талош хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG