Пайвандҳои дастрасӣ

Нерӯҳои амниятии хориҷӣ ба кӯмаки Баҳрайн шитофтанд


Кишварҳои узви Шӯрои ҳамкориҳои Халиҷи Форс ба Баҳрайн сарбоз ва маъмурони пулисро фиристоданд, то ба хонаводаи салтанатии ин кишвар дар муқобила бо тазоҳургарони аксаран шиъамазҳаб кӯмак кунанд. Мухолифони давлати Баҳрайн, аз ҷумла ҳизби умдаи Вифоқ, ин иқдомро “ҷанги эъломношуда” хонд. Давлати Амрико гуфт, эъзоми 1000 маъмури амниятии Арабистони Саудӣ ба Баҳрайнро, ки ба зудӣ вориди Манома пойтахт мешаванд, таҷовуз намедонад, аммо аз ҳукумати Баҳрайн хост, хештандорӣ нишон бидиҳад. Шиъамазҳабон дар Баҳрайн пайваста аз табъиз аз тарафи ҳокимони суннимазҳаби кишвар шикоят кардаанд.
XS
SM
MD
LG