Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи баҳси Либия дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал


Дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал, рӯзи душанбе баҳсҳо доир Либия идома кард. Виталий Чуркин, сафири Русия гуфт, ҳанӯз суолҳои бунёдӣ дар мавриди ҳарими мамнӯъ барои парвоз эълом кардани осмони Либия бепосух аст. Фаронсаву Бритониё талош доранд, то осмони Либияро ҳарими мамнӯъ барои парвози ҳавопаймоҳои низомӣ эълом кунанд ва Иттиҳодияи Араб низ тарафдори чунин иқдом аст. Аммо Чину Русия мухолифи дахолати низомӣ ба муноқиша дар Либия ҳастанд ва Амрикову Олмон ҳам дар ин замина шубҳа доранд. Аммо айни замон телевизиони давлатии Либия эълом кард, сарбозоне, ки ба ошӯбгарон пайвастаанд, дар сурати гузоштани силоҳ ба замин авф хоҳанд шуд. Ҳамзамон гузориш мешавад, ки ошӯбгарон аз манотиқи ишғолкардаашон ақибнишинӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG