Пайвандҳои дастрасӣ

Тақозои хабарнигори зиндонии озарӣ аз раиси ҷумҳур


Сардабири як рӯзномаи аз нашрмонда дар Озарбойҷон бо ирсоли номае ба Илҳом Алиев, раиси ҷумҳур аз ӯ тақозо кардааст, дар амри раҳоиаш кӯмак кунад. Айнулло Фатҳуллоев, сардабири рӯзномаи “Гундалик Озарбойҷон”-ро соли 2007 бо гуноҳҳои мухталиф, аз ҷумла, ҳифзи қочоқи маводи мухаддир дар маҳбас ба ҳаштуним соли зиндон маҳкум карданд. Вале иттиҳомот алайҳи ӯро сохтаву бофта медонанд ва мегӯянд, ки Айнулло Фатҳуллоевро барои мақолаҳои интиқодиаш ба зиндон андохтаанд. Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Инсон дар шаҳри Страсбург, моҳи апрели соли 2010 бо судури ҳукме, аз ҳукумати Озарбойҷон хост, Айнулло Фатҳуллоевро раҳо кунад ва ба ӯ барои нақзи ҳуқуқаш 25 ҳазор евро ҷуброн бипардозад.
XS
SM
MD
LG