Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳадя ба ҷуфтҳои омехта дар Қирғизистон ба хотири ..


Дар Қирғизистон ба як ҷуфти қирғизу ӯзбак, ки ба тозагӣ издивоҷ кардаанд, дар ҳаҷми 100 ҳазор сом, баробар ба 2100 доллари амрикоӣ ҳадя додаанд. Арстан Калбоеви қирғиз ва ҳамсари ӯ Зилола Ҷамолиддинова нахустин хонаводаи омехтае дар ҷануби Қирғизистон шуд, ки кӯмакҳои ваъдагии ҳукуматро ба даст меорад. Ҳарду нафар муаллими мактаби рустои Қаросу дар вилояти Ӯш ҳастанд, ки моҳи июн шоҳиди низоъҳои хунини қавмӣ миёни қирғизу ӯзбакҳо шуд. Ҳукумати Қирғизистон моҳи март ваъда дод, ки ба муаллимони ҷавони хонаводаҳои омехта кӯмаки якдафъаӣ мекунад, то рустоҳои худро тарк накунанд.
XS
SM
MD
LG