Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҳамлаи интиҳорӣ баъд аз зӯҳри рӯзи душанбе дар шаҳри Қундуз даҳҳо тан кушта шуданд.

Доктор Ҳумоюн Хомӯш, сартабиби бемористони Қундуз, ба бахши дарии Радиои Озодӣ гуфта, ки аз маҳали ҳодиса 37 кушта ва 39 захмӣ ба бемористон оварда шудааст.

Бар асоси гузоришҳо, аксари қурбониёни ин ҳодисаро афроде ташкил медиҳанд, ки барои пайвастан ба сафи Артиши миллии Афғонистон омада буданд.

Раисҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай ин рӯйдодро ба шиддат маҳкум кардааст. Толибони мусаллаҳ масъулияти ин ҳамлаи интиҳориро ба ӯҳда гирифтаанд.

Дар ҷараёни камтар аз як ҳафта, ин дуввумин ҳамлаи интиҳорӣ аст, ки дар Қундуз рух медиҳад.

Рӯзи ҷумъа дар як сӯиқасди низ маргталабона раҳбари пулиси вилояти Қундуз ҳам ба ҳалокат расид. Тайи солҳои охир ҷангиёни толиб ба вилояти як замон ороми Қундуз роҳ ёфтаанд.

XS
SM
MD
LG