Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Камбуди маводи ғизоӣ дар Озарбойҷон


Яке аз бозорҳои шаҳри Боку
Яке аз бозорҳои шаҳри Боку

Ҳар рӯз ҳудуди севуним ҳазор сокини Озарбойҷон дар ҷустуҷӯи маводи ғизоии арзон марзи Эронро убур мекунанд.

Болоравии нархи маводи ғизоӣ хабари нав нест ва ин раванд дар тамоми ҷаҳон ба назар мерасад, вале коршиносони озарӣ таъкид мекунанд, ки дар болоравии нархи озуқа дар Озарбойҷон фасод низ саҳми бузург дорад.

Ҳар рӯз ҳазорҳо сокини Озарбойҷон соатҳо мунтазири убури марзи ин кишвар бо Эрон мешаванд, то дар кишвари ҳамсоя маводи ғизоии арзонтаре дастрас намоянд.

"ЧАРО МАН БА ЭРОН МЕРАВАМ?"

Дар сӯҳбат бо бахши озарии Радиои Озодӣ як зани мунтазир дар марз бо Эрон гуфт, ки нафақааш барои харидории ғизо дар Озарбойҷон кифоят намекунад.

“Чаро ман ба Эрон меравам? Мо ҳама чиз: гӯшт, маска ва ғайраро аз ҳамон ҷо меорем. Ин мавод дар кишварамон хеле гарон аст. Бо нафақаи каме, ки ба мо медиҳанд, наметавонем дар кишварамон маводи ғизоӣ харидорӣ кунем"
,-афзуд ӯ.

Воқеан дар чанд моҳи ахир дар Озарбойҷон нархи маводи ғизоӣ босуръат боло рафтааст. Ба ҳисоби миёна, танҳо дар моҳи феврал, болоравии нархи озуқа аз ду дарсад бештар шудааст. Аз ҷумла бар пояи ҳисобҳои расмӣ нархи шакар наздик ба 10 дарсад ва картошка беш аз 12 дарсад афзоиш ёфтааст. Аммо иқтисоддонҳои мустақил мегӯянд, дар асл болоравии нархҳо аз он ҳам бузургтар аст.

АЙБИ МОНОПОЛИЯ?

Қаблан озариҳо барои харидории озуқаи арзон ба Гурҷистон сафар мекарданд, вале сар аз моҳи феврал Эрон фурӯши озоди маводи ғизоиро иҷозат дод ва озариҳо бо ҳадафи харидории озуқаи арзон ба Эрон сарозер шуданд.

Аз он вақт ба ин сӯ Эрон боз баъзе маҳдудияти содироти ғизоро барқарор намуд, вале ба ҳар ҳол ҳар як мусофир метавонад то 5 килограмм маводи ғизоиро бо худ ба ватанаш бубарад.

Иқтисоддони озарӣ Вуқор Байрамов мегӯяд, сарфи назар аз болоравии саросарии нархи маводи озуқа дар Озарбойҷон дар болоравии нархҳо саҳми якчанд монополияи дорои равобити мустаҳками сиёсӣ бузург аст: “Тамоми воридоти маводи ғизоӣ ба бозорҳои дохилиро ду ва ё се ширкат ба таври инҳисорӣ назорат мекунанд. Ширкатҳои дигар ҳақ надоранд ба соҳаи онҳо ворид шаванд. Онҳо нархи бозорҳои дохилиро боло мебаранд. Дар фурӯши маводи озуқа ва муқаррар кардани нарх онҳо рақибе надоранд.”

Ба гуфти Байрамов ҳар яке аз ин ширкатҳои ба истилоҳ “монополист ё инҳисорӣ” расман хусусӣ ба шумор мераванд ,вале дар амал таҳти назорати мансабдори бонуфуз қарор доранд.

ШАРҲИ ГУЗОРИШҲОИ ВИКИЛИКС

Сомонаи интернетиии Викиликс ба асоси гузоришҳои дастраснамудааш менависад, ки вазири вазъиятҳои фавқулодаи Озарбойҷон Камолуддин Ҳайдаров воридоту фурӯши меваву шарбатро таҳти тасарруфаш нигаҳ медорад.

Ҳамин манбаъ таъкид мекунад, ки мансабдорони бонуфуз ба монанди Ҳайдаров идораи гумрукро низ ба поин бурдани молиёт водор мекунанд6 ки дар ниҳояти амр зарба ба давлат аст.

Қубод Ибодоғлу, пажӯҳишгари Маркази таҳқиқоти иқтисодии шаҳри Боку, мегӯяд: “Мо ҳисоб кардем, ки онҳо нархи шакарро дар гумрук 35 сенти амрикоӣ навиштаанд, вале вақте дар бозор онро мушоҳида кардем, нарх 1 доллару 20 сент сабт шуда буд.”

Моҳи январ дар чорчӯби мубориза бо фасод ҳукумат муваффақ шуд, ки нархи маводи воридотиро то ҳадде поин барад. Агар ин низом идома пайдо кунад, имкон дорад, ки нархҳо ба тадриҷ поин шаванд.

Astara gömrüyündən İrana kütləvi axın
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:11 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG