Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми умрбоди "қотили муҳоҷирон" тағйир наёфт


Додгоҳи олии Русия ҳукми умрбоди Василий Криветсро ба қувваи худ боқӣ гузошт. Додгоҳи шаҳри Маскав дар моҳи октябр Криветс ва шарики ӯ Дмитрий Уфимтсевро дар куштори 15 муҳоҷир, аз ҷумла атбоъи Тоҷикистон, муҷрим шинохт.
Тафтишот мегӯяд, ки Криветс ва шариконаш ин афроди ғайрирусро дар заминаи адовати қавмиву нажодӣ дар байни ҳамагӣ 7 моҳ - аз октябри соли 2007 то моҳи майи соли 2008- ба ҳалокат расондааст. Додгоҳи олии Русия имрӯз 22 сол ҳукми зиндони Уфимтсевро низ таъйид кард.
XS
SM
MD
LG