Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон ба як қулла номи Путинро додаанд


Қуллаи ба номи Путин
Қуллаи ба номи Путин
Раисиҷумҳури Қирғизистон Роза Отунбоева бо судури як қарор қуллаеро дар ин кишвар ба номи сарвазири Русия Владимир Путин гузошт.
Парлумони Қирғизистон пешниҳоди ба номи Путин гузоштани як қуллаи 4 446-метриро ҳанӯз моҳе пеш ба хотири ташвиқи равобити дӯстона бо Маскав тасвиб карда буд. Қуллаи Путин дар кӯҳҳои Тиёншон, дар соҳили рӯди Ҷартош дар вилояти кӯҳистонии Чу воқеъ шудааст. Сарвазир Алмос Аҳтамбоев ин пешниҳодро дар поёни моҳи декабр баъди бозгашташ аз Маскав кард.
Аммо ба номи Путин номгузорӣ кардани ин қулла ба интиқоди ҳизби Ота-Макон дучор шуд, ки ба номи сиёсатмадорони барҳаёт гузоштани номҳои ҷуғрофиро муноқиз ба қонунҳои Қирғизистон медонад.
XS
SM
MD
LG