Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи хунини интиҳорӣ дар шаҳри Қундуз


Саҳнаи ҳамлаи маргталабона дар Қундуз

Саҳнаи ҳамлаи маргталабона дар Қундуз

Имрӯз бар асари ҳамлаи интиҳорӣ дар як маркази даъват ба артиш дар шаҳри Қундуз дар шимоли Афғонистон 36 нафар кушта ва беш аз 40 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Дар байни қурбониҳо занону кӯдакон низ ҳастанд. Раисиҷумҳури Афғонистон ин ҳамларо “нангин” номида, маҳкум кард. Рӯзи ҷумъа дар як сӯъиқасди низ маргталабона раҳбари пулиси вилояти Қундуз ҳам ба ҳалокат расид. Тайи солҳои охир ҷангиёни толиб ба вилояти як замон ороми Қундуз роҳ ёфтаанд.
XS
SM
MD
LG