Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯяд, ҳаракати қатор дар роҳи Душанбе-Хуҷандро қатъ кардааст.

Усмон Қаландаров, муовини раиси ширкати Роҳи оҳан дар ин бора ба “Озодӣ” хабар дод ва гуфт, ин тасмим ба далели кам будани шумори мусофирон гирифта шудааст.

Ҷаноби Қаландаров афзуд, ҳаракати қаторҳо аз рӯзи нуҳӯми март қатъ шуда, танҳо дар сурати афзоиши мусофирон дар ин масир дубора роҳандозӣ хоҳад шуд.
Тоҷикистон мехоҳад роҳи оҳани Турсунзода-Хуҷандро бисозад, ки ҳамагӣ 260 километ тӯл дошта, назар ба масири феълӣ, ки аз Узбакистон мегузарад, қариб 4 маротиба кӯтоҳтар хоҳад шуд...


Вай мегӯяд, дар солҳои ахир шумори мусофироне, ки тавассути қатор аз Душанбе ба Хуҷанд ва ё баръакс рафтуомад мекарданд, кам шуда, аз 300 нафар ба наздики 10 нафар коҳиш ёфтааст.

Муовини раиси ширкати Роҳи оҳан мегӯяд, қаторҳои Тоҷикистон бо мусофирони ками худ боис ба норизоиятии ҳамсоягонаш - Узбакистону Туркманистон низ шудааст: “Ҳама ҳамсояҳо ҷангҷол доранд, ки дигар қаторҳои холии шуморо намекашем. Ин аз мо вобаста мо нест.”



Роҳи оҳани Хуҷанд-Душанбе аз Узбакистон мегузарад ва мӯҳлати дарози якшабонарӯзии сафар, боздошти қатора ва тафтишҳои пайопайи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, гумрукиён ва марзбонони Узбакистон мусофиронро аз сафар бо қатора ба Душанбе дилсард кардааст.

Қаторҳои Тоҷикистон дар як соли ахир ҳафтае ду бор дар хатсайри Душанбе-Хуҷанд ҳаракат мекарданд.

Тоҷикистон феълан мехоҳад роҳи оҳани Турсунзода-Хуҷандро бисозад, ки ҳамагӣ 260 километ тӯл дошта, назар ба масири феълӣ, ки аз Узбакистон мегузарад, қариб 4 маротиба кӯтоҳтар хоҳад шуд.

Аммо барои иҷрои ин барнома Душанбе ба сармоягузории бузург ниёз дорад.

Бо баста шудани масири роҳи оҳан, танҳо роҳи иртибототӣ байни шимол ва маркази Тоҷикистон шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд боқӣ мемонад.

Ҳоло мошинҳои сабукрав ба ивази 100 сомонӣ ё каме бештар аз он мусофиронро аз Душанбе ба Хуҷанд ва ё баръакс аз Хуҷанд ба Душанбе дар ҳудуди шаш ё ҳафт соат мерасонанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG