Пайвандҳои дастрасӣ

Сардабири "Миллат" аз ҷоизаи Лоҳутӣ даст кашид


Толибшоҳ Саидзода

Толибшоҳ Саидзода

Сардабири ҳафтаномаи мустақили “Миллат” Толибшоҳ Саидзода ба нишони эътироз аз ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ даст кашид. Толибшоҳ Саидзода гуфт, ин ҷоизаи Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон аз сӯи аз ҷумла вазорати кишоварзӣ таъмини молӣ шудааст ва ӯ ба унвони сардабири нашрияе, ки бо ин вазорат даъвои додгоҳӣ дорад, аз ҷоиза даст мекашад. Ахиран додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ “Миллат”-ро ба фоидаи вазорати кишоварзӣ 1500 сомонӣ ҷарима баст.
Тайи 43 соли таъсиси ҷоизаи Лоҳутӣ ин бори аввал аст, ки як баранда аз он даст мекашад.
XS
SM
MD
LG