Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳрайн ҳамсоякишварҳоро ба кумак хостааст


Даргирии тазоҳургарон бо пулис дар пойтахти Баҳрайн

Даргирии тазоҳургарон бо пулис дар пойтахти Баҳрайн

Бино ба хабарҳо, Баҳрайн хостори даъвати нирӯҳо аз кишварҳои ҳамҷавор ба манзури эҳёи тартибот дар ин ҷазиракишвари халиҷи Форс шудааст. Матбуоти Баҳрайн ва телевизиони Ал-Арабия мегӯянд, ба Баҳрайн нирӯҳои кишварҳои узви Шӯрои ҳамкории халиҷ эъзом хоҳанд шуд. Дабири кулли ин созмон Абдулраҳмон ал-Аттия дирӯз таъмини суботу амният дар ҳар кишвари арабии халиҷи Форсро аз масъулиятҳои Шӯро номид. Шӯрои ҳамкории халиҷ Арабистони Саудӣ, Имороти Араб, Қувайт, Қатар, Умон ва Баҳрайнро фаро мегирад.
Баҳрайн як моҳ боз ба эътирозҳое рӯбарӯст, ки аз ошӯбҳои мардумӣ дар Мисру Тунис илҳом гирифтаанд.
Аксарияти шиъа шикоят дорад, ки ҳуқуқаш аз сӯи хонаводаи амирони суннии ин кишвар табъиз мешавад.
Баҳрайн мақари артиши панҷуми дарёии Амрикост.
XS
SM
MD
LG