Пайвандҳои дастрасӣ

Қатъ шудани ҳаракати қатор байни Душанбеву Хуҷанд


Ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон ба далели кам будани шумори мусофирон ва боздошти тӯлонии қаторҳояш дар қаламрави Узбакистон ҳаракати қаторҳо дар масири Душанбе –Хуҷандро қатъ кардааст. Тоҷикистон феълан мехоҳад роҳи оҳани Турсунзода –Хуҷандро бисозад, ки ҳамагӣ 260 километ тӯл дошта, назар ба масири феълӣ, ки аз Узбакистон мегузарад, қариб 4 маротиба кӯтоҳтар хоҳад шуд. Аммо барои иҷрои ин барнома Душанбе ба сармоягузории бузург ниёз дорад.
Бо баста шудани масири роҳи оҳан танҳо роҳи иртибототӣ байни шимол ва маркази Тоҷикистон шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG