Пайвандҳои дастрасӣ

Донишмандон овозаҳо дар мавриди вуқӯи зилзила дар Тоҷикистонро, ки дар пасманзари заминларзаи Ҷопон миёни мардум паҳн шудааст, бепоя хонданд.

Фаршед Каримов, муовини Пажӯҳишгоҳи зилзилашиносӣ, гуфт, ниҳоди онҳо нишонаҳоеро аз сар задани заминларза дар кишвар мушоҳида накардааст ва аз мардум даъват кард, ки ба ин ин гуна шоеаҳои бардурӯғ бовар накунанд.

Аммо ҷаноби Фаршед эътироф намуд, ки илми зилзилашиносӣ то ба ҳол тавоноии пешгӯии зилзилаҳоро ба монанди пешгӯии обу ҳаво надорад.

Вай афзуд, ниҳоди онҳо бо Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад ва дар ҳолатҳои зарурӣ мардумро аз сар задани офатҳои табиӣ огаҳ хоҳанд кард.

Ҷаноби Каримов дар идома афзуд, онҳое, ки ҳамчунин овозаҳои бардурӯғро дар миёни мардум паҳн мекунанд, дар асоси қонунҳои мавҷуда бояд ҷазо дода шаванд.

Овозаҳои бардурӯғи ду сол қабл

Дар пайи овозаҳои мушобеҳ дар шаби 9 ба 10 январи соли 2009, даҳҳо ҳазор аз сокинон ба шумули занону кӯдакон ва солмандони кишвар манозили зистро тарк ва шабро зери ваҳшату даҳшат дар хиёбонҳо рӯз карда буданд.

Аксари онҳое, ки он замон дар шаҳри Душанбе аз тарсу ваҳшати заминҷунбии шадид субҳро дар хиёбон ва дуртар аз биноҳои баландошёна истиқбол карда буданд, дар пайи зангҳои телефонии нафарони шинос, ба чунин вазъ рӯбарӯ шудаанд.

Аммо ҳеҷ нафаре аз эшон наметавонист ба таври рӯшан ва дақиқ бигӯяд, ки хабари вуқӯъи зилзилаи шадидро аз ин ва ё он расона шунида ва ё хондааст. Ҳамагӣ мегуфтанд, нафари шинос аз фалон маҳалли шаҳр ва ҳатто аз Хуҷанду Ғарм ва ё Дарвоз дар тамос шуда, даъвати тарки ҳарчи зудтари манзилро кардаанд.

Ба ҳар сурат ҳазорҳо тан дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру навоҳии Тоҷикистон шабро дар беруни хонаҳо рӯз карда буданд.

Дар ҳамин ҳол бархе аз зилзилашиносон, таъйид мекунад, ки ҳанӯз илм ба он пояи баланде нарасидааст, ки вуқӯъи заминҷунбӣ ва махсусан зилзилаи шадидро ба таври дақиқ пешгӯӣ кунад. Марокизи зилзиланигорӣ метавонанд таркишҳо ва ҷунбишҳоро дар умқи замин мушоҳида кунанд, вале замон ва соати дақиқи вуқӯъи онро пешгӯӣ кардан ба донишмандон муяссар нашудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG