Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Телевизиони давлатии Либия гуфт, сарбозоне, ки ба чирикиҳои зидди Муаммар Қаззофӣ пайвастаанд, дар сурати таслим шудан мавриди афв қарор хоҳанд гирифт. Нирӯҳои Қаззофӣ феълан ҳамла ба манотиқи таҳти назорати чирикиҳоро, ки ҳафтае пеш шарқи Либияро ба даст оварда, азми пойтахт- Троблусро дар сар доштанд, идома медиҳанд. Лигаи давлатҳои арабӣ рӯзи шанбе аз пешниҳоди барои парвозҳо мамнӯъ эълон кардани ҳарими ҳавоии Либия пуштибонӣ кард. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон имрӯз дар Порис бо ҳамтоёнаш аз гурӯҳи G8 ҳамин пешниҳодро баҳс хоҳад кард. Бритониёву Фаронса тарҳи қатъномаи Шӯрои амниятро омода кардаанд, аммо Русия дар ин бора ҷузъиёти бештар мехоҳад. Туркия, танҳо кишвари мусалмонии узви НАТО, мухолифи таҷовузи низомӣ ба Либия буда, аз авоқиби хатарноки он ҳушдор дод.
XS
SM
MD
LG