Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Истиқрори нирӯҳо дар хиёбонҳои пойтахти Яман


Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ канор рафтанӣ нест

Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ канор рафтанӣ нест

Танишҳо дар Яман имрӯз бо истиқрори сарбозон дар пойтахт, шаҳри Санъо, ва эътирозҳо дар шаҳрҳои дигари ин кишвари фақири ҷануби нимқораи Араб идома ёфтааст. Яман аз миёнаҳои моҳи феврал дар панҷаи эътирозҳо алайҳи раиси ин ҷумҳурӣ Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, ки 32 сол боз бар Яман ҳукумат меронад, қарор дорад. Аз оғози эътирозҳо дар Яман беш аз 30 нафар ҷон бохтаанд. Имрӯз нирӯҳои артиш бо истифода аз мошинҳои зиреҳпӯш талош карданд, манотиқи атрофи Донишгоҳ, маркази эътирозҳои зиддидавлатиро муҳосира кунанд. Дар ин минтақа чанд ҳафта боз ҳазорон тазоҳургар ҷамъ шудааст.
Шоҳидон дар бораи тирандозии сангин дар Тоиз, воқеъ дар ҳудуди 200-километрии ҷануби Санъо ва яке аз марокизи эътирозҳои зидди Солеҳ хабар медиҳанд. Дар бораи раҳпаймоиҳо дар Ҳавта низ гузориш шудааст.
XS
SM
MD
LG