Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раймонд Девис дар Покистон муҳокима хоҳад шуд


Додгоҳи Девис таҳти тадобири шадиди амниятӣ мегузарад
Додгоҳи Девис таҳти тадобири шадиди амниятӣ мегузарад
Додгоҳи Покистон аз судури ҳукми худ дар қиболи масунияти дипломатӣ доштан ё надоштани корманди консулгарии Амрико дар Лоҳур худдорӣ кард ва гуфт, чунин қарорро бояд додгоҳи масъули баррасии парвандаи куштор бигирад. Раймонд Девис ба қатли ду покистонӣ дар рӯзи 28 январ дар шаҳри Лоҳур айбдор мешавад. Ӯ мегӯяд, ба хотири дифоъ аз худ амал кардааст. Мақомоти Амрико исрор меварзанд, ки Девис масунияти дипломатӣ дорад ва бояд раҳо шавад. Аммо давлати Покистон ҳалли масъаларо ба додгоҳ вогузор кард. Қазияи Девис боиси сард шудани равобити Амрико ва Покистон, як муттаҳиди аслиаш дар ҷанг алайҳи террор, шудааст.
XS
SM
MD
LG