Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони “Истиқлол” дар Ҷоми раиси AFC муайян шуданд


Рӯзи душанбе, 14-уми март дар Малайзия қуръакашии ҳафтумин давраи мусобиқаи Ҷоми раиси Конфедератсиюни футболи Осиё баргузор шуд.

Дар сабқати имсола қаҳрамонҳои 12 кишвари Осиё – Бангладеш, Бутан, Камбоҷа, Қирғизистон, Мянмар, Непал, Покистон, Тайван, Тоҷикистон, Туркманистон, Фаластин ва Шри-Ланка ширкат хоҳанд кард. Дастаҳо ба се гурӯҳ тақсим шудаанд ва аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба сабқати ниҳоӣ роҳ меёбанд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони кишвар, намояндагӣ мекунад. “Истиқлол” дар гурӯҳи В бо дастаҳои «Яданарбон» (Мянмар), барандаи Ҷоми раиси AFC-2010, «Ҷабал Ал-Мукобир» (Фаластин) ва «Йидзин» (Бутан) рақобат хоҳад кард. Бозиҳои ин гурӯҳ моҳи май дар пойтахти Мянмар – шаҳри Янгон доир мешаванд.

Воқеъан, дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар бозии ниманиҳоии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё 24-уми сентябри соли 2011 дар Маркази тамринии ҷавонони шаҳри Янгон аз тими мизбон - «Яданарбон» бо ҳисоби 0-2 шикаст хӯрда буд.

Ҳайати ду гурӯҳи дигар бар асоси қуръакашӣ чунин аст:

Гурӯҳи А

1. «Пномпен Краун» (Камбоҷа) – мизбон
2. «Нефтчӣ» (Қирғизистон)
3. «Абахани» (Бангладеш)
4. «Дон Боско» (Шри-Ланка)

Гурӯҳи С

1.«Непал Полис» (Непал) – мизбон
2. «Тайван Пауэр» (Тайван)
3. «Небитчӣ» (Туркманистон)
4. ВАПДА (Покистон)
XS
SM
MD
LG