Пайвандҳои дастрасӣ

Қарор аст, вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон имрӯз дар Порис бо раҳбарони чирикиҳои Либия мулоқот кунад. Ин дар ҳолест, ки чирикиҳо ба раҳбарони ҷаҳон фишор меоранд, то ҳарими ҳавоии Либияро барои парвоз мамнӯъ эълон кунанд.
Лигаи давлатҳои арабӣ низ аз ин пешниҳод ҳимоят карда, Фаронса гуфтааст, ба манзури расидан ба ин ҳадаф фаъолиятҳои дипломатиро дар СММ рӯи даст мегирад. Фурсат барои иттихози чунин қарор рӯз то рӯз камтар мешавад, чунки чирикиҳо феълан ба ҳамлаи сангини нирӯҳои Муаммар Қаззофӣ бо истифода аз чархболҳову ҳавопаймоҳо рӯбарӯ шудаанд. Нирӯҳои Қаззофӣ дирӯз шаҳри муҳими Брегаро таҳти назорати худ дароварданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG