Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осорхона дар дохили кундаи чанор


Дар Истаравшан осорхонаи ғайриоддии мардумшиносӣ боз шудааст. Толори намоиши ин осорхонаи этнографӣ дар дохили кундаи як чанори кӯҳансол ҷой гирифтааст. Ба бовари сокинони маҳаллӣ, ин чанор ҳанӯз аз аҳди то солшумории милодист ва дар зери сояи он ҳангоми юришаш ба Осиёи Марказӣ ҳатто Искандари Мақдунӣ дам мегирифт. Аммо инки нахустин мактаби Истаравшан низ дар дохили кундаи ҳамин чанор боз шуда, то 15 хонанда дар он таҳсил мекарданд, ҳақиқати якуним асри охир аст, ки дар асноди таърихӣ низ сабт шудааст.
Истаравшан, ки чанд сол пеш 2500-солагиашро таҷлил кард, бо тақрибан 150 ёдгории таърихиву этнографиаш аз маконҳои барои сайёҳон дидании Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG