Пайвандҳои дастрасӣ

Музокироти Бордюжа бо дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон


Николай Бордюжа, Дабири куллии СПАД ва Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар нишасте дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд

Николай Бордюжа, Дабири куллии СПАД ва Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар нишасте дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд

Дар шаҳри Қайроққум нишасти раҳбарони Шӯроҳои амнияти бархе аз кишварҳои узви СПАД баргузор шуд.

Гуфтугӯи раҳбарони Шӯроҳои амнияти Тоҷикистону Русия ва Қирғизистон паси дарҳои баста сурат гирифт.

Аммо Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар ифтитоҳи ин нишаст гуфт: "Ҷамъ омадем, ки аз ҳама аввал масоили доғи амнияти минтақаиро баррасӣ, авзои минтақа ва кишварҳои худро арзёбӣ ва чораҳои ҷилавгирӣ аз рухдодҳои номатлубро пайдо кунем."

"АВҶИ ФАЪОЛИЯТИ ГУРӮҲҲОИ ТУНДРАВ"
Гурӯҳи "Толибон" дар шимоли Афғонистон пайдо мешаванд ва ба марзҳои кишварҳои узви СПАД наздик меоянд. Ин ба оромии авзоъ дар кишварҳои минтақа таъсир мегузорад...


Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ё ОДКБ натиҷаҳои мушаххаси нишасти Қайроқумро "омода шудани пешниҳодҳое дар мавриди таъмини субот дар минтақа" ва аз ин нигоҳ онро муҳим ва муфид хонд.

Вай афзуд, “мо пешниҳодҳое дар мавриди ҳамгироӣ бо кишварҳои шарик дар таъмини субот ва рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварҳоямон омода кардем, ки ба раисҷумҳурони кишварҳоямон ироа хоҳанд шуд. Гуфтугӯҳои мо ҳама самтҳои фаъолият, масоили марзӣ, авҷи фаъолияти нерӯҳои тундрав ва мубориза алайҳи онҳоро фаро хоҳад гирифт."



Ҷаноби Бордюжа ҳамчунин илова кард, ки "ҳодисаҳои ахир дар кишварҳои арабӣ ва дар пасманзари он нооромиҳо дар бархе аз кишварҳои пасошӯравӣ бори дигар водор месозад, ки дар чаҳорсӯби СПАД ҷиҳати суботи авзоъ якҷоя тасмим бигирем. Гузашта аз ин, гурӯҳи "Толибон" дар шимоли Афғонистон пайдо мешаванд ва ба марзҳои кишварҳои узви СПАД наздик меоянд. Ин ба оромии авзоъ дар кишварҳои минтақа таъсир мегузорад."

"МУОВИНИ ШӮРОИ АМНИЯТИ РУСИЯ НИЗ БУД"

Ин гуфтугӯи Дабири кулли СПАД бо Амирқул Азимов дар ҳолест, ки минтақаи шарқи Тоҷикистон дар тобистону тирамоҳи соли гузашта шоҳиди ноамниҳо буд. Мақомот он замон аз вуруди гурӯҳҳои ифротгарои мусаллаҳ аз хориҷ ба Тоҷикистон сӯҳбат мекарданд.

Дабири куллии СПАД бо як сафари панҷрӯза ба Тоҷикистон омадааст. Дар гуфтугӯи ӯ бо Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, ҳамчунин муовини котиби Шӯрои амнияти Русия Юрий Зубков ва намояндаи Шӯрои амнияти Қирғизистон низ иштирок доштанд.

Ҳайати Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ қабл аз ворид шудан ба Тоҷикистон, аз манотиқи ҷанубии Қирғизистон боздид ва бо мақомоти амниятии ин кишвар гуфтугӯҳое анҷом додаанд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, Николай Бордюжа рӯзҳои 16 ва 17-уми март дар нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои СПАД дар Душанбе иштирок хоҳад кард.

Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, ва Арманистон кишварҳои узви СПАД ҳастанд. Узбакистон ва Беларус, ду кишвари дигари узви ин созмон ба нишони мухолифат ба мавқеи Русия ва нобоварӣ ба зарфиятҳои ин ниҳоди ҳарбӣ қатъи фаъолияти худро эълон карда буданд.
XS
SM
MD
LG