Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Ҷопон мегӯянд, дастгоҳи сардкунандаи реактори севвуми нерӯгоҳи ҳастаии Фукушима низ аз кор мондааст.

Айни замон амалиёти васеъмиқёси наҷот дар манотиқи вайрону валангоршуда ба асари заминларзаву сунамӣ идома дорад ва бими он меравад, ки танҳо дар як минтақаи Ҷопон бештар аз 10 ҳазор нафар ҳалок шуда бошад.

Маъмурони наҷот бо расидан ба минтақаи Миягӣ, ки то рӯзи ҷумъа шаҳрҳои ободу зебо буд, шоҳиди харобазоре шуданд, ки аз он хонаву роҳ ва ё зербунёди ободе боқӣ мондааст.

НЕРӮГОҲҲОИ АТОМӢ ДАР МАЪРАЗИ ХАТАР

Заминларзаи рӯзи ҷумъа, 11-уми март, нерӯгоҳи барқи атомии Фукушима, дар 240 километрии шимоли Токиоро аз кор баровард. Баъди аз кор мондани системаи хунуккунӣ дар нерӯгоҳ, яке аз реакторҳо, дар он инфиҷор ба амал омад ва мутахассисон барои ҷилавгирӣ аз гудохта шудани милаҳои сӯхти атомӣ, маҷбур шуданд, то қисме аз гази радиоактиви реакторро хориҷ кунанд.

Рӯзи 13-уми март системаи хунуккунии реактори дуввуми нерӯгоҳ низ аз кор монд ва мутахассисон барои сард кардани реактор аз оби баҳр истифода карданд. Мақомоти Ҷопон мегӯянд, гудохта шудани милаҳои сӯхт, ки барои муҳити зист ва худи нерӯгоҳ фалокатбор аст, аз эҳтимол дур аст. Бо вуҷуди ин ҳазорон нафар аз мардуми маҳалҳои атрофи нерӯгоҳи барқи атомии Фукушимаро ба маҳалҳои дуртар интиқол доданд, зеро мизони радиатсия ва ё ташашӯъ дар нерӯгоҳ бештар аз меъёр шудааст.



Ширкати нерӯгоҳҳои барқии Токио гуфт, ихроҷи ташашшӯъ барои сиҳатии инсон билофосила зарар надорад. Ин ширкат ҳамчунин гуфт, барои роҳ надодан ба гудохта шудани милаҳои сӯхти атомӣ дар реактори саввум, фишори онро бояд кам кунанд, зеро сӯхти он ин реактор ураниум ва плутониум аст. Юкио Эдано, раиси девони вазирони Ҷопон дар нишасти хабарие дар Ҷопон гуфт, дар сурати иҷрои ин кор, мизони ташашӯъ боло хоҳад рафт: “Агар аз реактори шумораи се, ихроҷ мушоҳида шавад, ин бар асари ихроҷи газ аст, ки таҳти назорати мутахассисон анҷом мешавад. “

Аммо вусъати харобӣ дар реактор то замони боз карданаш маълум нахоҳад шуд, ки барои ин кор моҳҳо зарур аст.

ҚАВИТАРИН ЗИЛЗИЛА ДАР ТАЪРИХИ МУОСИР


Заминларзаи рӯзи ҷумъа қавитарин заминларза дар таърихи муосир ба ҳисоб меравад. Агарчӣ бисёре аз хонаҳо дар Ҷопон ба он заминларза тоб оварданд, вале сунамӣ онҳоро вайрону валангор кард. Мавҷҳои азим баъд аз худ кӯҳҳои хонаву мошин, қатору киштиҳои ба ҳам омехтаро дар манотиқи васеъе боқӣ гузоштааст.

Ба гуфтаи мақомоти Ҷопон, танҳо дар минтақаи Миягӣ зоҳиран 10 ҳазор нафар куштаву бенишон шудаанд. То кунун маъмурони наҷот 3 ҳазор нафарро наҷот додаанд. Бештар аз 50 кишвар, аз ҷумла Амрико, ки дар соҳилҳои Ҷопон се киштии ҷангӣ дорад, кӯмак пешниҳод кардаанд.

Хабаргузории Киодои Ҷопон мегӯяд, то кунун 300 ҳазор нафарро дар саросари кишвар ба ҷойҳои амн интиқол додаанд. Бештар аз панҷуним миллион нафар аз нерӯи барқ маҳрум шудаанд ва 20 800 хона вайрон шуда ва ё осеб дидаанд. Ҷопон бештар аз 100 ҳазор сарбози нерӯҳои худдифоъро барои кӯмак дар корҳои наҷот сафарбар кардааст.

Мақомот дар Ҷопон вусъати фалокатро ба тадриҷ дарк мекунанд, вале айни замон рӯзнома ва созмонҳои ғайриҳукуматии зидди нерӯгоҳҳои барқи атомӣ ҳукумати кишварро башиддат интиқод доранд, ки барои бӯҳрон дуруст омода нашудааст, бӯҳроне ки метавонад, монеъи эҳёи иқтисоди Ҷопон шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG